ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАИ НАНГОВАРИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои ба ҳамагон маълум интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки қаблан ба шарофати амали мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмонҳои ҳамкории Шанхай беш аз 288 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва мазҳабӣ-экстремистӣ ифшо карда шуданд. Бо сайъу кӯшишҳои муштарак фаъолияти 78 ячейкаи террористӣ пахш карда шуд, 193 ҷангҷӯ безарар гардонида, зиёда аз 1100 узви созмонҳои байналмилалии террористӣ ва динӣ-экстремистӣ ва шарикони онҳо боздошт шуданд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки тибқи расонаҳои хабарӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли сипаригардида аз тарафи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 4 тоннаю 83 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст. Инчунин, беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки миқдори умумии он 1 тоннаву 631 кг-ро ташкил медиҳад.
Паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти дониши сиёсӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият бояд ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Х. АБДУСАМАДОВА,
муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *