Мубориза бар зидди  ташкилоти терористӣ ва экстремистии Ҳизби назҳати ислом.

ТТЭ  ҲНИ  ташкилоти  хиёнаткорон сулҳу субот ва ором аз саодати рӯзғори мо гувоҳи медиҳад. Сулҳу оромӣ ва ваҳдату  якдилӣ дар Тоҷикистони  азизи мо ба осонӣ ба даст наомад, чунки дасисаву душманигарони баъзе  аз афроди дохиливу хориҷӣ миллати  бофарҳангу мутаммадини моро бо ду сангари оштинопазир ҷудо карда буд.

Дастовардҳо ва комёбиҳо дар соҳаҳои  иқтисодиёту фарҳанг ва илму маориф  симои Ватани моро ба куллӣ дигаргун сохтанд.

Дар таърихи ватандории  миллати куҳанбунёди  тоҷикон ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои зиндагии шоиста назир надоранд.

Бинобар и,  мо мардуми бофарҳанги тоҷикро зарур аст, ки сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем.

Нагузорем нохалафе, нопоке, номарде дар дами фиребу найрангҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва  ифратгароӣ бо тафаккури бегона ба амнияти кишвар ва осудагии мардум халал ворид намояд.

Аз ин рӯ, ҷавонону наврасонро бояд дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Аз давраи кудакӣ дар ниҳоди онҳо меҳри Ватан, ҳимоя  аз марзу буми онҳо парвариш диҳем.

Мутаассифона  дар замони муосир як хатари бузурге дар  сатҳи байналмилалӣ  ҳамчун терроризм ва экстримизм доман паҳн мекунад.

Ин гурӯҳҳои ифротгаро мехоҳанд ба тафаккури ҷавонон ақидаҳои нодурусту номатлубро ворид намоянд, ба ақидаҳову ғояҳои бебунёд дар ҷомеа бадбиниҳоро роҳандозӣ  намоянд.

Бештар бо роҳи фиребу найранг ва дахолати душманони дохиливу хориҷӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ фардҳои ноогоҳ ва ҷавонони зудбоварро ба гурӯҳҳои худ шомил намоянд.

Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи  ин гурӯҳҳои ифратгаро ҳамеша дар ҳолати омадабош қарор дошта бошанд.

Масъалаи хиёнатҳои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик  амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳидин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро шадидан маҳкум менамояд.

Зеро то имрӯз  ба ҳамагон маълум гардидааст, ки фаъолияти ин ташкилоти террористию экстремистӣ фақат иғвогарию тӯҳмат  ва вайронкорӣ  аст.

Яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад тамоми  ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона дар арсаи байналмиллалӣ обрӯ ва мақоми махсус дорад.

Дар зарфи солҳои соҳибихибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд.

Аммо бархе аз душманони миллат ҳаммаи ин ободӣ ва пешравиҳоро  дида наметавонанд.

Ба ин қатор ташкилоти террористию  экстемистии ҳизби наҳзати исломиро ном бурдан зарур аст. Зеро хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти терористию экстремистӣ зиёданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатли куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоҳиста ва ғайриинсониро аз хотр намебарорад.

Гузашта аз ин ТТЭ  ҲНИ дар хориҷи мамлакат ба тӯҳмату бадномкунии ватани худ машғул аст, ки ин амали инсонӣ нест.

Аз ин рӯ, мо ҷомеаи меҳнатии  ДИС  ДДТТ фаъолияти террористии ТТЭ  ҲНИ-ро шадидан маҳкум мекунем.

Омузгори калони кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқ   

Хонкилдиев Муминҷон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *