Пешгирии ҷавонон аз ҳизби хиёнатпеша

 

Экстремизм  ва терроризм мушкилоти имрӯз буда, аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамаи мо барои бартараф кардани ин вабои аср кӯшиш ба харҷ карданамон зарур аст.

Имрӯзҳо ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву устуворӣ қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерӯгоҳҳо, рощҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.

Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ аз дафтари ташкилот аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд дарёфт карда шуд.

Барои пешгирӣ усулу воситаҳои гуногунро бояд оқилона истифода кард. Ҷавононро аз ҳадафҳои ифротгароён огоҳ созем. Барои он ки ҷаҳонбинию шуури сиёсии онон аз чунин ҳадафҳои номатлуб дур бошад. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле пурзӯр буда, дар ҳолати суст будани эътибор ба тарбияи онон хавфи фирефта гаштани онон ба доми ифротиён ба миён меояд.

 

 Кафедраи  молшиносӣ  ва

фаъолияти гумрукӣ    

Юлдашева  Меҳриниссо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *