Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз воқеоти сарзада атрофи ДИИШ ва фаъолияти он мебошад.Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад,аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқи дастуру нишондодҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳторҳои кудратӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар холати омодагӣ карор доранд. Аз як тараф васоити ахбори омма ва аз тарафи дигар зиёиёну рӯшанфикрон дар роҳи нишон додани симои аслии ДИИШ ва оқибатҳои маргвори амалиётҳои он ба мардум хизмати арзандае карда истодаанд. Зеро идеяҳои он ба кишварҳои гирду атрофе,аз он ҷумла бо Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони беҳабарро ба доми худ кашида истодаанд.
Вазъи сиёсии кишвари мо алҳол ором аст, вале баъзе ихтилофҳо миёни ҳизбҳои сиёсию давлат метавонад ин вазъиятро ноором созад. Аз ҳамин рӯ, гирифтани пеши роҳи онҳо, нуқта гузоштан ба фаъолияти он вазифаи ҳукумат ва мардуми бедордил мебошад.
Пӯшида нест, ки ТТЭ Ҳизби Назҳати Ислом аз рузҳои аввали фаъолияташ сиёсати душманона, ғаразнок ва мақсаднокро пеша карда, дар сафҳои худ одамони аз давлату миллат норози, шаҳсони ҷиноятпеша ва ё ба эксремизм майлдош-таро гирд оварда, ҳар сари ҷанд вақт дасисае ё иғвоеро дар фазои сиёсии кишвар роҳандозӣ мекунад.
Аксари мардуми бошарафи тоҷик медонад, ки ҷанги шаҳрвандони Тоҷикистон дар асри гузашта маҳз бо дасисаю хокимиятҳоҳии гурӯҳе аз ба ном ҳомиёни динни мӯбини ислом сар зада буду оқибатҳои фоҷиаборе ба сари кишвар рехт. Вале чун оромию сулҳу вахдат дар кишвар барқарор шуд, ки гуруҳҳо дар фикри таъсиси ташкилоте ба монанди ТТЭ ҲНИ шуданд ва онро ташкил карда, ниятҳои худро хостанд бо роҳи демократӣ амалӣ намоянд. Интихобоҳои парлумони ва президенти нишон доданд, ки мардуми бошарафи тоҷик алақай симои хақиқии ин гуруҳро шинохта буданд ва ТТЭ ҲНИ дар овоздиҳию соҳиби ҷое нашуд.
Пас саволе ба миён меояд, ки чаро ин ҳизб, ки худро пуштибону пешвои мардуми мусулмон тоҷик меҳисобад, аз тарафи ҳамин мардуми мусулмон дастгирӣ наёфт? Ҷаро мусулмонони кишвар наҳостанд, ки ягона ҳизби исломи ба палумон роҳ ёбад?
Ҷавоби ин саволҳо ба фаъолияти роҳбарон ва баъзе аз нимчаммуллоҳои аз ислом беҳабар вобаста аст. Роҳбарияте ҳизб ба умеди ҳоҷагони хориҷии худ шуда, ҳостанд ба ҳама ҷо намояндагони худро дошта бошанд ва ба бойгариҳои моддию маънавии кишвар соҳиб шаванд. Дар баъзе мавридҳо аз вазъияти корупсионии кишвар истифода бурда, ба ин муваффақ ҳам шуданд, вале дер напоиданд.
Имрӯз роҳбари Паймони Миллӣ Муҳиддин Кабири, ки дар хориҷ дар кишвар қарор дорад, ба ину он беасосу беҳуда шиква мекунад, ки гуё сари ӯву фишор меоранду атрофии онҳо иғво меангезанд. Аммо ҷаноби Қабири боре аз худ намепурсад, ки дар инқадар муддати роҳбариаш ҷи навигарие барои мардум кард? Ҷи пешниҳодоти ҷолиб барои рушду нумуи кишвар кард? Ҳатто роҳи зодгоҳашро дуруст накард, ки худаш метавонист оромона ба айёдати наздиконаш равад.
Ибодуллоев А.
ассистенти кафедраи чомеашиносӣ