МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТАҶАМИРО ТАҚОЗО ДОРАД

Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ ва аз диди геополитикӣ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратро ҷойгир буда, авзои нигарокунадаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Феълан, бо нисбатан мӯътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карда, идомаи минбаъдаи ин ҳолат боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам арзёбӣ намудаанд. Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва динӣ Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои мутараққии олам, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигар муносибатҳои муфиди бисёрҷониба дошта, дар кори мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, дар ҳоли тавсеа ва густариш аст. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки санаи 01августи соли равон дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодии Ҷумҳурии Арабии Миср Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар муборизу бар зидди созмонҳои террористӣ.Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Иҳвон-ул-муслимин” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом доир гардид.Дар ҷараёни конфронси мазкур воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.Ин бори дигар аз он далолат медиҳад,ки ҷиноятҳои содиркардаи ТЭТ ҲНИ, дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода, рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони ҷаҳон қарор дорад.Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд.Аз ин рӯ, бо назардошти вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *