БО ҶАВОНОНИ БОНАНГУ НОМУС ИФТИХОР ДОРЕМ, ВАЛЕ…

«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Эмомалӣ РАҲМОН

Оғози мақолаи хешро доир ба баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯсӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан,эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва таблиғоти ифротгароӣ, ки бо меҳру муҳаббати афзун нисбати ҷавонони баору номуси кишвар борҳо сухан намудаанд, баён месозем, аз ҷумла: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Воқеан бо ибтикор ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Бояд қайд кард, ки таблиғи насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин нуқтаи назар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкиднамудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад. Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 27 соли Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. Ҷавобан ба ин, талошҳои пайвастаи ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаъолона бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Бо баробари ин, саҳм ва мақоми ҷавонон дар татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон асноди фаровоне ин ҳақиқатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол вусъат пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рӯшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва тарбияи аксари онҳо дар рӯҳияи худогоҳӣ аз ин амри муҳим дарак медиҳад. Мавқеи фаъоли қавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷӯҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Аз ин рӯ , мо ба ҷавонони баору номуси хеш ва ба эҳсоси гарми ватандӯстиашон ифтихор мекунем. Вале…, мутаассифона дигар масоиле, ки боиси ташвиш гардидааст, ин гаравидани баъзе ҷавонони мо зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд, ки боиси нигаронист. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба амсоли гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом ва ТЭТ ҲНИ ба сафи худ он ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври сода идеологияро қабул мекунанд, тамоюл (ба ақидаи онҳо) ба бунёди тартиботи ҷаҳонии «воқеан боадолат» бар асоси дин доранд, ашхоси тамоюлдошта ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд. Дар оқибат ҷавонони сустиродаву ноогоҳу ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат намуда, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Мисоли ин гуфтаҳо, санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғара таҳти роҳбари гурӯҳи муташаккил Ҳусейн Абдусамадов бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон ба куштори сайёҳони хориҷӣ даст задаанд. Ин ҳодисаи барои халқу миллати мо хос набударо сахт маҳкум карда даъват менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем. Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини ачдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар ҳама ҷой бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки: “Ман тоҷикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балъамӣ, Рудакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғазоливу Имоми Аъзам ва садҳову ҳазорон фарзонаҳову алломаҳо ва бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманду сарбаланд ҳастам”.
Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда. ҷавононро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста пайваста созанда ва бунёдкор хоҳанд буд. Хулоса, бо камоли эҳтиром аз забони шоир ба ҷавонони миллати хеш даъват ба амал меорем, ки бамаврид аст:

Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд,
Шукуфоию рушди мулк аз илму адаб хонанд.
Хурофотию ифротӣ бувад оини бегона,
Агар бинанд гумроҳе, зи роҳи бад бигардонанд.

Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад,
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.

Дар фарҷоми андеша бо суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақолаи хешро ҷамъбаст хоҳем кард: Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд.

Корманди шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ Ф.Мамадҷонов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *