Мо, устодони кафедра ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масъалае, ки имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо якчанд ашхосони ватанфуруши бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд, ҷалб намоем. Аз ҷумла, ин шахсияти ба кишвари мо бегона бо номи Сиддиқи Акбар, ки худро «адолатпарвар» шуморида дар якҷоягӣ бо ТЭТ ҲНИ ва маслиҳатҳои хоҷагонаш ҳадафҳои навбатии ғаразнокашонро амалӣ кардан дорад. Бо ибораи дигар ин гумроҳшудагон кӯдаки бегуноҳро ба бозиҳои сиёсӣ худ ҳамроҳ намуда, худро «раҳмдилу ҳақиқатҷӯй» нишон дода, нисбати роҳбарияти давлати мо суханҳои нораво мегӯянд, ки он асосе надорад. Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, дучор гардид. Чун имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Воқеан таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд.Масалан роҳбари собиқи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кротов Михаил Иосифич зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 ба вуқӯъ пайваста буд, бамаврид қайд кардааст, ки сулҳи ба даст овардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, ки дар тӯли 50 соли охир назири худро надорад.Инчунин суханони собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 оид ба шахсияти Пешвои муаззами миллат чунин иброз дошта буд:“Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард”. Аз ин масъалаҳои матраҳшуда аъзоёни ҳизбҳои таҳрибкор, ки дар боло зикр шуд, аз қабили Сиддиқи Акбар худро “ҳақиқатҷӯй” мешуморад андеша кунад… E ва ҳаммаслаконаш кистанд? Дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷии хориҷиашон кадом ашхосон онҳоро мешиносанд? Бо ибораи дигар иброз мекунем, ки онҳо бояд оид ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барӯманди давлатҳои абаркудрати зикршуда, ки бо камоли эҳтиром нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додаанд, ки ин ифтихори миллии мост.
Мо омӯзгорон дарк мекунем ва исбот ҳам шуда истодааст, ки ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ ва ҳамммаслакон бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид.Зеро имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.