Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафари навбатии худро анҷом дода, бо фаъолону пешқадамони соҳаҳои гуногун мулоқот оростанд, ки ҳар як сухан ва дастуру супоришҳояшон ҷомеаи имрўзаи кишвар, хоса, мардуми Бадахшонро ба таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он, амнияти ҷомеа ва сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, мустаҳкамии дўстиву рафоқат, рушди босуботи кишвар ва пешгирӣ аз ҳамагуна амалу рафторҳои ҷинояткорона, пинҳонкорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даъват намуд.
Ҳафтаҳои охир расонаҳои хабарӣ оид ба номусоид будани вазъи кунунӣ дар Бадахшон маълумот доданд. Инчунин, барои даъват намудани махсусан ҷавонон ва инчунин бо мақсади даъват намудани бадахшониёни ватандӯсту ватанпарвар ба ҳамкорӣ баҳри пойдор намудани сулҳ мактубҳои муроҷиатии дӯстона аз ҳар канори кишвар равона карда шуданд. Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ барои ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии вилоят ташкил карда шудааст. Пешвои миллат мақомотҳои дахлдорро вазифагузорӣ намуданд, ки вазъи ҷинояткорӣ, ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ доштаро зери назорати қатъии худ гиранд ва барои бартараф намудани ин ҳодисаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ситоди байниидоравӣ бори дигар ҳушдор медиҳад, ки бояд то охирин силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шавад. Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ҳама якҷоя дар зери шиори “Ваҳдати миллӣ — асоси зиндагии шоиста” кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем. Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат дар масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда нигаронии ҷиддӣ намуданд.
Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта 14 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Ситод аз 7 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, талаб менамояд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, чунки ҳоло ҳам дер нашудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ нақшаи муқарраршударо 120 % иҷро намуд.
22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шудааст. Нисбати ҳар яки аъзоёни ин гурўҳҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шудааст, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф гардидааст. Чун саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд бояд ба назар гиранд, ки на танҳо худ балки дигар афроде, ки ба гурўҳҳои худ ҷалб сохтаанд аз роҳи носолим ва ғайриқонунӣ ба сўи созандагиву бунёдкорӣ бозгарданд. Имрўз давлату ҳукумат имконият дода истодааст, ки на бо роҳи зўрӣ балки бо имтиёз ва тарғибу ташвиқи боадолатона мардумро ба риояи қонун ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуда истодааст. Дар шароити кунунӣ ҳар як шаҳрванди баору номуси тоҷик бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, оромию осудагии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд. Мо набояд фирефтаи афкори душманонаи бадхоҳони миллат гардем, барои мо сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин омолу ормони ҳар як шаҳрванди кишвар аст, мо намегузорем, ки ҳеҷ гуруҳе ва нафаре ба амнияту ваҳдат ва осоиштагии кишвар халал ворид созад. Иғвою дасисаи баъзе аз афроди ноогоҳ касро ба андеша водор месозад, ки чаро онҳо тартибу низом ва оромии ин минтақаро намехоҳанд. Ҳукумат имрӯз қодир аст алайҳи ҳамаи ашхоси бадандеш, гуруҳҳои ифротгарою нашъаҷаллоб муборизаи беамон бурда, осоиштагию амонии ватанро таъмин намояд. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорону бадхоҳони миллат ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар аст ва мо аз иқдомҳои Пешвои миллат дар ин самт ҷонибдорӣ менамоем.
Далер Мирпочоев,
мудири кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳони ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент