Изҳороти факултети молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба барҳам задани ҷинояткорӣ, халъи силоҳ ва фуруши маводи мухаддир дар Бадахшон

Зимни сафари кории хеш ба Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки дар Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ба мақсади таъмини амният, волоияти қонун, решакан намудани ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил карда шуд. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Натиҷаи фаъолияти якмоҳа дар ҷаласаи васеи Ситод бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ муҳокима гардид.

Аз маълумотномаи ситод бармеояд, ки ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.

Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:
— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;
— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;
— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
— таҳқири намояндаи ҳокимият;
— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;
— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);
— роҳ надодан ба содир кардани  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Мо, устодони факултети молия ва қарзи ДИС ДДТТ бо азму иродаи қавӣ пуштибонии худро аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба хотири сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисаву андешаҳои муғризонаи гуруҳҳои ҷиноятпеша дода нашаванд. Сулҳу субот ва ваҳдату якдилии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мароми мост.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *