Ҳамин аст ҳақиқати таърихӣ, ки мардуми соҳибназари мо бо адабиёту шеъри оламгир, асарҳои арзишманду беназирашон дилу андешаи мардумони заковатманди оламро тасхир намудаанд. Миллати тоҷик намунаи олии эҳтирому одоби башарист, ки дар гуфтору навиштаҳои бузургтарин файласуфону суханварон, таърихнигорону ҷуғрофидонон ин нукта таъкид шудааст.
Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад. Аммо боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо як гуруҳ инсонҳое дучор мешаванд, ки ба қадри ҳамингуна арзишьо намерасанд, оромиву суботро халалдор месозанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои воқеан зебои Тоҷикистони маҳбубаи мо ба ҳисоб меравад. Ин сарзамини бостонӣ аз замонҳои қадим макони сайру саёҳат ва омӯзишу таҳқиқ буда, садҳо олимону сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. Имрӯз низ дар ин гӯшаи сарзамини аҷдодиамон мардуми ватандӯсту қавиирода, сарбаланду фарҳангпарвар кору зиндагӣ мекунанд.
Дар баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда мешавад, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб ва асосан, ба соҳаҳои саноати истихроҷ, корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ, нақлиёт, энергетика ва маориф равона гардидааст. Аммо баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят маълум шуд, ки дар ҳаёти сокинони вилоят баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд. Роҳбарони вилоят ин камбудиҳоро пинҳон карда, тартиботи ҷамъиятро вайрон карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба масъулон барои тартиб овардани вазъият як моҳ вақт доданд ва аз шабакаҳои марказии мамлакат маҷлиси ҷамъбасти оид ба иҷроиши супориши Сарвари давлат нишон дода шуд.
Дар баромади прокурори кишвар Раҳмон Юсуф Аҳмадзод гуфта мешавад, ки содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ таньо дар пачж соли охир бо истифодаи силоҳ қариб 100 ҷинояти вазнин содир карда шудааст, ки аксари онро одамкушӣ ва қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ мардум ташкил медиҳад.
То ҳолати аввали июни соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 нафар сокинони вилоят, ки ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро содир намудаанд, ошкор карда шуда, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ташвишовараш дар он аст, ки 48 нафари онҳо сокинони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд.
Ҳамингуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тайи чандин солиёни дароз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият доштанд, ки 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад.
Имконияти беанҷом додани амалиёти низомӣ бартараф намудани камбудиҳои зикршуда бори дигар исбот менамояд, ки таъмини волоияти қонун ва амнияти мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ