Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар таркиби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кӯмаки интернет имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Ин ҳолатро роҳбарияти ТТЭ ҲНИ Гурӯҳи 24 ба манфиати худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои “Паймони миллӣ, “Садои мардум” бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон бо навбат баромад намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Имрӯз ин гурӯҳ ва дигар равияҳои ифротӣ асосан дар хориҷи кишвар бо пушгтибониии хоҷагонаш фаъолият бурда истодаанд. Сайди асосии онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо чунин мисол овардан бамаврид аст, ки моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Дар асоси расонаҳои хабарии Федератсияи Русия зимни тафтишот тасдиқ шудааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ тибқи дастури Тоҷиддин Назаров, ки лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, амали номатлубро содир намудаанд. Ин гуруҳи гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Русия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони роҳгумзада аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.Бинобар ин мо бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро гирифта, нагузорем, ки дигар ҷавонон ба чунин корҳои зишт даст зананд ва ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Яке аз вазифаи муқаддаси падару модарон, омӯзгорон ва умуман ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд. Боварӣ дорем, ки бо дарки дурусти масъалаи зикршуда бо дарназардошти вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Т.САЛИМОВ