Тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми ҳуҷҷатӣ бо номи «ШИКАСТИ ФИТНА»-ро тамошо намуда, ба хулосае омадем, ки як идда саркардаҳои гуруҳҳои ҷинояткор дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз ҷумла вобаста ба қазияи Хоруғу Рушон раҳбарияти созмони ифротии “Паймони миллӣ”, ки онро ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд, аз Аврупо истода заҳри худро ба кишвари мо расониданд.Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин категорияи хоинон ҳеҷгоҳ аз ин нақшаҳои шуми худ даст кашидани нестанд.Хиёнатҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва нақшаву амалҳои разилонаи онҳо аз ҷониби яке аз роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо номи “Номус ва инсоф”, таҳрибкор Мамадшоева Улфатхоним ва собиқ шавҳараш Холбаш Холбашев зимни баромадҳои худ ба гуноҳояшон иқрор шуда, бо далелҳои амиқ қайд гардид, ки маҳз бо роҳбарии Шерзамонов Алим, муовини роҳбари ташкилоти терорристӣ бо номи “Паймони миллӣ”(ПМ) маблағгузорӣ ва тарҳрезӣ шуда, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон содир шудааст.
Филми мазкур дар сатҳи баланд бо далелҳои раднопазир ба навор гирифта шуда, бо забони соддаву фаҳмо ба ҷаҳониён кирдорҳои саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва бозиҳои пасипардагии раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аён гардид.
Вале аз ҷониби яке аз думравони ТТТЭ ҲНИ ашхосе бо номи Абдураҳмон, ки алҳол дар шаҳри Милани Италия бо пуштибонии ҳоҷаи хориҷиаш паноҳ ёфта, зимни баромадҳои видиеоии ифротиаш қазияи Хоруғу Рушонро нодуруст арзёбӣ намуда, тасаввуроте надошта оид ба масоили геносид сухан намуд ва аз умуман аз воқияти ҳол умуман бехабар аст. Баробари ин ба бадхоҳони миллат таъкидан такрор ба такрор гуфтанием,ки хиёнат ба ватан, ба зодгоҳи худ амалҳои нопок, ноинсонӣ баҳисоб меравад. Инсон вақте, ки ба ватани худ хиёнат мекунад, ў на танҳо ба ватани худ балки ба зодгоҳи худ, зодаи худ хиёнат мекунад, ки ин амал дар таърихи замон сабт мегардад, ки онро соф кардан ғайриимкон мебошад.
Дар фарҷоми андешаи хеш, қайд менамоем, ки мо пас аз тамошои филми “Шикасти фитна” ва аз баромадҳои ифротии бадҳохони миллат ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама нооромиҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ҷинояткор чи ҳадаферо дунболагирӣ мекардаанд. Бинобар ин, ҳамдиёрони азиз, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ