МО СУЛҲУ СУБОТРО ПАЙРАВӢ МЕНАМОЕМ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки 25 ноябри соли равон, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд. Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Баъди содир намудани ин малҳои номатлубаш Зиёбеков Г. ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд. Дар робита ба ин ёдовар шудан зарур аст, ки гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, санаҳои 25 – 28 ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби ҳамммаслакони Зиёбеков Г. ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил шуд, ки онҳо бо вайрон кардани тартибот ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашида, амалҳои ғаразноки худро рӯйпӯш кардан кӯшиш намуданд. Воқеан ташкил ва иштироки нафарони ҷиноятпеша ва роҳгумзадагон, пеш аз ҳама дидаву дониста вайрон кардани қонун шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлубашон аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат қодир ҳастанд, ки ҳамагуна қонуншиканиро, мавриди тафтиш қарор дода, нисбати нафарони вайрон кардаи қонун ҷазоҳои пешбинишударо муайян намоянд.
Бояд қайд кард,ки тарики шабакаҳои иҷтимоӣ дар навори видеоӣ бо номи «Нерӯи қонун» зимни баромади собиқ раиси вилояти ВМКБ Ёдгор Файзов ва шоҳидони ҳодиса амалҳои содир намудаи ҷинояткор Зиёбеков Г. ва ҳаммаслаконаш бори дигар бо далелу шарҳ тасдиқ шуд.
Мо аз баромади собиқ раиси ВМКБ ба хулосае омадем, ки бояд саркардаи гирдиҳамоӣ ва умуман дасисабозии ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад!
Мардуми Тоҷикистон, аз он ҷумла сокинони Бадахшон оромию тинҷии ҷумҳурии азизамонро мехоҳанд ва онҳо намегузоранд, ки баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор вазъи кишварамонро ноором созанд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Дар интиҳо гуфтаниам, ки мо ҷавонони озоду ватандӯсти Тоҷикистони азиз аз чунин шахсиятҳои ҷиноятпеша Ватани биҳиштосоямонро эмин нигоҳ дошта, дар Тоҷикистон сулҳу суботро пайрави менамоем ва намегузорем, ки тири нохалафи душманони дохиливу бурунмарзи зиндагии осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор созад.

Ҳомидова М.К.,
ассистенти кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *