Устобоева Дилафрӯз Муҳидиновна

Устобоева Дилафрӯз Муҳидиновна 23-юми сентябри соли 1988 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хистеварз дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Соли 1994 ба мактаби миёнаи № 80 ҷамоати Хистеварз нахустин қадами худро ба остонаи илму маърифат ниҳода муассисаи номбурдаро соли 2005 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи даватии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хуҷҷатҳои худро ба факултаи Ҳуқуқшиносӣ супоридааст. Ба номи баланди донишҷӯи сазовор гашта, соли 2010 донишгоҳи номбурдаро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос –психолог” бо дипломи аълочӣ хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, яъне моҳи сентябри 2012 сол ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷомеашиносии донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолияти педагогии худро оғоз намудааст. Собиқаи педагогии зиёда аз 9 сол дошта, дар давоми фаъолияти меҳнатиаш худро ҳамчун корманди меҳнатдўст, серталаб ва пуртаҷриба нишон дода истодааст. Аз соли 2016 унвонҷӯи кафедра маҳсуб ёфта, дар мавзӯи:“Омилҳои косташавии ахлоқ ва роҳҳои пешгирии таъсири онҳо дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ – фалсафӣ)” тадқиқоти хешро пеш мебарад. Дар семинарҳои назариявӣ ва конфронсҳои илмиву амалӣ ширкат варзида, борҳо сазовори ҷойҳои фахрӣ гаштааст. Соли 2018 ба ҳайси мулллими калон фаъолияти худро идома дода истодааст.
Соли 2019 зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Солиҷонов Расулҷон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: “Омилҳои косташавии ахлоқ ва роҳҳои пешгирии таъсири онҳо дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ – фалсафӣ)” бо муваффақият дифоъ намудааст. Ӯ муаллифи як монография, ва зиёда аз 7 мақолаҳои, илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммафаҳм мебошад. Номзади илмҳои фалсафа, муаллимаи калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *