Таҳлилҳо собит менамояд, ки гирдиҳамоии санаҳои 25 – 28 ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ руйдода, аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил шуд, ки онҳо бо вайрон кардани тартибот ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашида, амалҳои ғаразноки худро рӯйпӯш кардан кӯшиш карданд. Воқеан ташкил ва иштироки нафарони ҷиноятпеша ва роҳгумзадагон, пеш аз ҳама дидаву дониста вайрон кардани қонун шаҳодат медиҳад. Барои равшани додани ин ҳодиса тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, видеофилми мустанад бо номи «Нерӯи қонун», ки аз ҷониби барномаи телевизионии Бадахшон таҳия гардидааст, намоиш дода шуд. Бояд қайд кард,ки дар видиеофилми мазкур собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов баромад намуда, вобаста ба ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ бо далелҳои раднашаванда маълумоти амиқ дод. Пас аз тамошои видиеофилми «Нерӯи қонун» бори дигар боварӣ ҳосил намудан мумкин аст, ки афроди ҷиноятпеша кирдорҳо даст заданд,ки осоиштагӣ ва шукри истиқлолиятро накарда, бо ҳар гуна роҳҳои авбошонаи худ, ки ягон натиҷа надорад, кӯшиш намуданд. Ҷинояткорон, аз қабили Зиёбеков Г.З., Мамадбоқиров М.К., Шанбиев Мунаввар, Аловатшоев Амриддин ва дигар роҳгузадагон, ки сокинони ин замину макон мебошанд, нооромиро гирди мардум, давлати худ саркарда, хиёнат карданд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки душманону хоинони миллат, бахусус ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 тариқи шабакаҳои интернетии “Ютуб” ва дигар барномаҳои мессенҷерӣ аз амалҳо ва воқеаҳои рухдода истифода намуда, шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карданд.Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Алҳол бадхоҳони миллат берун аз кишвари мо иқомат доранду, бехабар аз ҳақиқати ҳоли ҳодисаҳо ва умуман доир ба масоили шаҳри Хоруғ маълумоти кофӣ надоранд.
Таъкидан қайд менамоем, ки хоинону душманони миллат ҳеҷ гоҳ фикру андешаи солими мардуми кишвари соҳибистиқлоламонро дигар карда наметавонад. Тасдиқи ин гуфтаҳост, ки хушбахтона аз ҷониби сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли сокинони Бадахшон пеши роҳи бетартибиву бенизомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирифта шуд ва мардум ба кору зиндагии муқаррарии худ баргаштанд.
Мо боварии комил дорем, ки мардуми ВМКБ ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистон қонундон, сабур ва донишманду хирадманд ҳастанд, ки нисбати қазияи ба вуқӯъ пайваста оид ба баромади собиқ раиси ВМКБ хулосабарорӣ карда, минбаъд низ меъёрҳои қонунро риоя мекунанд ва барои пешравии Тоҷикистони азиз кушишу ғайрати хешро равона менамоянд.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти иқтисодиёт
ва соҳибкорӣ