МО МАРДУМИ ТОҶИК НАМЕХОҲЕМ, КИ БАЙНИ ДУ КИШВАРИ БА ҲАМ ДӮСТ ВА БАРОДАР ЯГОН НОФАҲМӢ БОШАД

Тайи чанд сол мешавад, ки дар марзи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон асосан дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бештар ҳамсарҳад мебошанд, муноқишаҳо ба амал меояд.

Ин нофаҳмиҳо боиси норозигии сокинони маҳал шуда, боиси сар задани ҷангу ҷидол мегардад. Ҳодисаи ахири ғайриинсонии ҷониби Қирғизистон аксари мардуми наздимарзиро нигарон кардааст. Дар пайи ин ҳодиса, ки санаи 12-уми апрели соли ҷорӣ сар задааст ва гуфта мешавад, ки Ойбек Бердалиев–сардори қитъаи марзии «Мақсад»-и посбонгоҳи сарҳадии «Қулундӣ» ба ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи Аймаки Айили Жанажери ноҳияи Лайлак ҷойгир мебошад, омада, ду нафар марзбони тоҷикро ба суҳбат даъват мекунад. Дар рафти суҳбат номбурда бе огоҳӣ ба сӯи ду марзбони тоҷик тир мекушояд. Ҷавобан ба ин амали ношоиста марзбони тоҷик низ тир мекушояд. Дар натиҷа марзбони қирғиз захмӣ шуда, бо мошини хизматии худ аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Имрӯз дида истодаем, ки ҷангу хунрезӣ ба мардуми осоишта чӣ мушкилиро ба бор оварда истодааст. Дар ин раванд бояд сокинони ҳарду кишвар хулоса бароранд, ки ҷангу хунрезӣ танҳо ба мардуми осоишта зиён мерасонаду халос.

Ҷумҳурии Қирғизистон бояд эҳсос кунад, ки дар шароити кунунӣ ба вуқӯъ пайвастани чунин воқеаҳо ба фоидаи ҳарду ҷониб нест. Мо мардуми тоҷик намехоҳем, ки байни ду кишвари ба ҳам дӯст ва бародар ягон хушунату нифоқ ба вуҷуд ояд. Бояд ин масъаларо низ онҳо эҳсос кунанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *