ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

Чанд сол инҷониб байни шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон нофаҳмиҳои байнисарҳадӣ ба вуқӯъ пайваста истодаанд. Кӣ саркардаи нооромкунандаи вазъ аст? Гумон дорам, ки маҳз он нафароне ки намехоҳанд ваҳдати ду кишвар поянда бошаду дӯстиву оштӣ ба ҳам ояд. Ҳарчанд аз ҷониби мақомоти дахлдори вилояти Суғд борҳо барои ором кардани вазъияти баамаломада кӯшишҳо карданд, ҳатто “Оши оштӣ” доданд, вале пас аз гузашти муддати начандон тӯлонӣ ҳамоно вазъият бетағйир мемонад.

Боиси таассуф аст, ки ба хотири қувваҳои берунаи сеюм, ки ҳадафашон барҳам додани дӯстии мардуми тоҷику қирғиз аст сокинони осоишта азият мекашанд. Воқеае, ки шоми 12 – уми апрел ба вуқӯъ пайваст, бошандагони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ташвиш оварда, руҳияи кулли мардуми кишварро хароб сохт. Ҳарчанд масъулин баҳри пешгирии муноқишаҳои наздисарҳадӣ чораҳои зарурӣ андешиданд, вале бо боварии том наметавон гуфт, ки он дубора сар назанад. Аз он ба ҳайрат меоем, ки чаро мақомоти ҷониби қирғиз қувваи аҳримании худро боздошта наметавонанд. То кай хунрезиву муноқишаҳои нав ба навро барпо мекунанду ҳаёти атрофиёнро зери хатар мегузоранд?

Баҳамоиву пойдор нигоҳ доштани дӯстии ду кишвари ҳамсоя ба иродаи мустаҳками ҳарду ҷониб вобастагии калон дорад. Набояд ба шахсони нохалаф имкон пеш овард, ки тухми кинаву адоватро нисбат ба ҳамдигар коштаву парварида бошанд. Аз сабуриву таҳаммулпазирии мардуми тоҷик набояд истифода бурд, зеро замоне меояд, ки шермардони бонангу номуси Ватан сабрро як сӯ гузошта, ба хотири ҳимояи марзу буми худ муборизаи беамон мебаранд. Бархе аз мардуми ҷангҷӯи қирғизро, ки бе сабаб ба сокинони тоҷики наздисарҳадӣ осеб мерасонанд, таъкид сохтанием, ки “Зӯри беҳуда назананд, зеро сарҳадбонону шермардони тоҷик як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодиро нахоҳанд дод! Хоки Ватан барои мо, тоҷикон муқаддасу бебаҳост!”.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *