МО ДИГАР БЕАДОЛАТӢ РОҲ НАМЕДИҲЕМ! (ДӮСТИЮ БАРОДАРИИ МАҶОЗИИ ХОИНОН)

Воқеаҳои солҳои охири Бадахшон на танҳо сокинони ВМКБ, инчунин тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба ҳолати ногувор мондааст. Дар робита ба бояд қайд, ки бо дастгирии зархаридони хориҷӣ гурӯҳҳои ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он гуруҳҳои муайян муташаккилона ҷинояткорӣ менамуданд. Ба монанди ба гарав гирифтани одамон, куштор, таҷовуз ба номус, таҳдид ба намояндагони давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили митинги ғайриқонунӣ, бастани роҳи автомобилии байналмилалӣ, рӯирост дар рӯзи равшан таҳдид кардан ба намояндагони давлат, лату кӯб кардани шахсони расмӣ, паҳн кардани бӯҳтон, хабарҳои бардурӯғ нисбати онҳое, ки онро содир накардаанд ва ғайра.
Ташкилотчии асосии ин ҷинояту бетартибиҳо, гурӯхи муташаккили ҷионятӣ , аз ҷумла, саркардаи гӯрӯҳи ҷиноии Хоруғи Боло Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мебошад, ки рӯирост ба гуноҳҳои худ иқрор нагашта, худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, дар рӯзномаи Азия Плюс ҳамаи далелҳоро бӯҳтон гуфта эълон намуд. Вобаста ба ин қазия аз кишвари Фаронса афроди ватанфурӯши аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рондашуда Зафар Сӯфӣ зимни номааш менависад, ки гарчанде бо Муҳаммадбоқир шинос нест, худро дӯсту бародари ҷонии ӯ эълон намуд. Бо ин кирдораш шоири ватанфурӯш бори дигар моҳияти аслии худро нишон дод. Ӯ дар соҳаи журналистика солҳои дароз кор кардааст ва хуб сарфаҳм меравад, ки дар Бадахшон чӣ ҳодисаҳо рӯй дода истодааст ва пуштибони онҳо кист. Зафар Сӯфӣ низ аз ҷумлаи онҳоест, ки барои пули ҳароми зархаридон на фақат Ватан, балки падару модар ва наздикони худро мефурӯшад. Дурустии ин гуфтаҳоро муроҷиатномаи ашхос бо номи Аловатшоев Амридин – ҳаммаслаки Муҳаммадбоқир тасдиқ мекунад. Амриддин, ки аз амали авбошиаш 2 сол қаблан аз озоди маҳрум шуда буд, имрӯз ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муроҷиат намуда, ба гуноҳҳои содир кардаи худ ва дигар ҳаммаслаконаш иқрор шудааст.Ёдовар мешавем, ки баробари рузҳои гирдиҳамҳоӣ шахри Хоруѓ, дар дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия гидиҳамоии ѓайри қонунӣ ташкил карда буд, ки ин супориши гурухи муташаккили ВМКБ мебошад. Оқибат Аловатшоев А. хуб фаҳмид, ки ба даромадан ба гапи зархаридони хориҷӣ ба сари халқи мо чӣ қадар мушкилӣ, азобу уқубат меоварад. Барои ин зархаридон тақдири халқ муҳим нест, барои ба даст овардани ниятҳои нопоки худ мехоҳанд дар кишвари мо аз нав ҷанги шаҳрвандии бародаркуширо барпо намоянд. Онҳо мисли Аҳриман ҳастанд, ки мувофиқи ривояти Шоҳномаи Фирдавсӣ халқҳоро ҳимдигар ҷанг медоронад.
Хулоса Муҳаммадбоқиру ҳаммаслаконаш баринҳо воситаи амалӣ намудани ниятҳои нопокашон мебошад, ки онҳо кӯр-кӯрона бо гуфтаи онҳо амал менамоянд. Магар ба халқи мо ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-ум дарс нашуд. Мо дигар ба чунин беадолатӣ роҳ намедиҳем.

ИБРОГИМОВ И.И.,
дотсенти кафедраи математекаи олӣ
ва технологиҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *