ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Мо шукр аз он мекунем, ки дар чунин давлати соҳибистиқлол, кишвари ободу осоишта зиндагӣ мекунем. Вале, мутаассифона ба ин нигоҳ накарда бархе аз кӯрнамакон ва душманони миллат ва зердастони хоҷагони хориҷӣ оромиву сулҳу суботи моро халалдор месозанд. Гӯё, ки худро қаҳрамон месозанд. Қаҳрамонӣ ин аст, ки барои пешрафту ободии ватан сулҳу суботи ҷомеа ва манфиати мардум мардона ва софдилона талош варзидан аст. Лекин ин хоини миллат, саркардаи гурухи муташаккили ҷиноятӣ бо номи Муҳаммадбоқир тавассути шакакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, худро қаҳрамон пиндошта, оромиву фазои осудагии ҷомеаро ноором сохтан кушиш дорад. Умуман ин гуна ашхос мехостанд ба ниятҳои ғаразонаву нопоки худ хостанд байни мардум қаҳрамон шаванд. Лекин ҳушёриву далерии мақомотҳои давлатӣ ва ҷавонмардии онҳо ва мардуми сулҳпарвар аз ҳадафҳои нопоки онҳо бохабар шуда пеши роҳи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Муҳаммадбоқирро гирифтанд.
Чуноне ки гуфтананд: “Чоҳ кан зери чоҳ” ба доми фирефтаи худ онҳо худ афканданд. Барои ту барин душмани миллат ва зархариди хоҷагони хориҷӣ фазои софу беғубор ва замине, ки дар ин ватан зиндагӣ мекунӣ ҳайф буда, нону намаки ин ватан туро кӯр кунад. Баробари ин бояд қайд кард,ки аз ҷониби ҳайати омузгорони Донишкада қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш Муҳаммадбокирро ошкоро ҷинояткор буданашро баён карда буданд. Вакт довар аст ва таърих гувоҳ, ки тасдики ин гуфтаҳо имруз боз аз ҷониби як афрод бо номи Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ тариқи шабакаҳои ичтимоӣ бори дигар аён шуд. Зимни муроҷиатномаи худАловатшоев А. бо далелҳои асоснок Мухаммадбокирро гунаҳкор ҳисобид, ки ӯ иқрор шуд,ки дар якҷоягӣ якчанд ҷиноят содир намудааст.
Ба бадхоҳону душманони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо номи ин ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост. Ин гуна зархаридон ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Сад ҳайфи шири сафеди модар ба ин гуна номардон, ки ба чунин ҷиноятҳои нобахшиданӣ даст мезананд. Алалхусус лату кӯб намудани як омузгор.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, ҳамчун ҷавони пайрави сулҳ ва ободии ватану осоиштагии мардум ва ҷавони бонангу номуси ин вантан барои ту барин наҷавонмард ва хоини ватан гуфтаниям: “Бигзор ба ҷазои сангини қонун” гирифтор гардӣ.
Мо ҷавонмардони бонангу номуси ин Ватан, ки Тоҷикистон ном дорад, ки парчамаш дар ҷаҳон парфишон аст, нохоҳем гузошт ин гуна номардон ва хоинони миллат ба мақсади нопоки худ бирасанд.
Ҳар як ҷавонони имрузаи моро водор аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳисси худогоҳиву ватандӯстиро пос дошта, пайрави чунин фарзона фарзандони бо нангу нангу номус ин ватан ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва қаҳрамонони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллоҳ Махсум, Мирзо Турсунзода Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров бошем ва ҷони худро баҳри сулҳу оромӣ, осоиштагӣ ва ҳифзи марзу буми ин ватан дареғ надорем ва ҷоннисори ин Тоҷикистони азизи худ бошем.

Ш.МАҲМУДОВ ,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносӣ,
магистранти курси 1 ихтисоси
240103-ҳуқуқи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *