ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАФНОКТАРИН ТАҲДИДҲО БАРОИ ИНСОНИЯТ!

Солҳои охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ доранд, ки аз хуруҷи бемории сироятии короновирус “Ковид-19” ва вазъи ноустувори иқтисодии мамолик истифода намуда, ҳадафашон ноором сохтани ҷомеаи имрӯза мебошад. Чунончӣ, роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи – 24 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазаам бо навбат баромад намуда, чун солҳои қаблӣ кӯшиш доранд зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд. Ҳадафи аслии ин гуна афрод, ки онҳоро террористон мегӯянд, таҳрибкорӣ ва ба даст овардани сарвартҳои муфт мебошад. Ин андешаҳо бозгӯи онанд, ки ашхоси бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб месозанд ва бо ин васила мехоҳанд, ки сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳою нооромиҳои харобовар ғӯтавар намоянд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки моҳи майи соли 2021 5 нафар ҷавонони гумроҳшудагони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯхи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш Абу Усамаи Норакӣ мебошад, амали номатлубро содир намудаанд ва ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони роҳгумзада аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Баробари ин қайдкардан зарур мебошад, ки дар соли 2021 дар кишварамон 652 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Хулоса, бояд донист, ки ин гумроҳшудагон асосан пайравони ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки аз назари ақида, ҳадафҳо аз ДИИШ фарқе надорад.
Аз маълумотҳои хабарӣ хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони далеру ѓаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрӯз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омӯзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

М.АХМЕДОВ, муаллими калони кафедраи математекаи олӣ ва ТИ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *