ШИКАСТИ ТТЭ ҲНИ

 (ҳақиқатро бояд қабул кард)

 Чи метавонад бузургии инсонро собит созад,албатта аъмол,қавл ва рафтори ӯ дар ҷамъият.

Ибрат гирифтан аз таърих ин як дарс аст, ки онро бояд риоя кард то ки дар оянда худ ба он дучор нашавӣ, вақте,ки дар давлати Миср ҳукумат ва парлумонро ихвониҳо соҳиб шуданд, сару садоҳои пешвоёни ҲНИ оиди исломӣ сиёсб ҳамарӯуза дар ВАО дарҷ меардид, онҳо на аз бузурги Худованд балки аз ин инқилоби дуздидашудаи ихвониҳо ҳадс мезаданд.

Аммо вақт ҳама ҷизро ба ҷояш монд ва то чи андоза ин гуруҳи сиёсӣ давлате,ки дар таърихии худ ин ҷангу ҷидоли дохилиро надида буд ба як майдон ва фитна мубадал гардонид. Мардуми Миср инро дарк карда дар вақти зарури муқобили ин ҳаракат шуданд ва нагузоштанд,ки як гуруҳе аз эҳсосот ва ақоиди онҳо ба манфиати сиёсии худ истифода барад.

Аз ҳукм рафтани ихвониҳо дар Миср ин як зарба ба он гурӯҳ ва ҳаракатҳои ба ном исломие буд,ки мехостанд аз ин раванд истифода баранд. Имрузҳо бошад ба мо бисёр муаммо аст то чи андоза ҲНИ метавонад бо чунин як усули ғайри инсонӣ ва гайри исломӣ рақиби солим бошад, истифода бурдан аз мусалмонии мардум ва эҳсосоти онҳо ин як хаттӣ сурх мебошад набояд онро убур кард ва моро низ заррур аст дар маъракаи интихоботи дар пеш буда ҳушёри худро аз даст надиҳем то, ки фирефтаи ангезаҳои ғаразноки баъзе гурӯҳҳо нагардем.

Зиндагии осоишта дар амну бехавфи ин гарави давлати мутақадим мебошад, Худованд дар қурони карим дар сураи Бақара ояти 124 мефармояд: «Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар Самара рӯзӣ соз! » яъне аз амн дида чизи заруртаре нест барои инсоният,ҳатто аз таъому шаробаш, ва аз ин аст, Пайғамбар Иброҳим дар дуъояшон амнро аз ризқ пештар талаб карданд,

Вақте,ки пешвоёни ҲНИ аз хашми мардум нигарон ҳастанд бояд худ аз хашми Худованд тарсанд, аммо афсус,ки инро нодида мегиранд, зиёдрави дар дин ба ифротгари мебарад, Худованд дар сураи Моида мефармояд “Бигӯ : «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув макунед ва ба хоҳишҳои он мардуме, ки аз пеш гумроҳ шуда буданд ва бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».

Оё шумо ин ояти каримаро фаромуш кардаед?Ин аст окибати он талошхои гаразноки сиёсии хизбхои исломи. Дар ин чо албатта ягон чизи таачубовар нест, зеро ин гуруххо ва хизбхо танхо бо фиреб ва хилаю найранг ба максад мерасанд. Аз пайрави кардан бо чунин гуруххо худдори кунем ва нагузорем он чамъияте,ки дар он новобаста аз камбудиву норасоихо хама шароити зиндаги шоиста фарохам оварда шудааст, фирефтаи сиёсати гаразноки дигарон гардад.

Кабули хакикат ин хам аз нишонахои инсониятдусти мебошад но вобаста аз мухтавои он, афсус, ки ин хама дар мади дуввум меистад барои онхо, факат расидан ба хадафхои носолими худ ва фазои оромиро гирдбод кардан ин аст максади онхо, вале имрӯз, мо шоҳиди онем, ки ин гурӯҳи носолим дар Ҷумҳурии мо пурра шикаст хурдаасту, худ бехабар мебошад. .

 

Шарипов Зокирҷон н.и.и., дотсент

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *