Терроризм – падидаест хело мураккаб, ки паҳлуҳои зиёде дорад. Онро ба таври мухтасар олоти махсуси идоракунии минтақаҳо, давлатҳо, динҳо ва тамаддунҳо гуфтан мумкин аст. Яъне терроризмро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон вобаста ба мавқеи геополитикияшон ё манфиятҳои иқтисодиву сиёсияшон ба фоидаи худ истифода мебурданд, мебаранд ва дар оянда низ ҳамин тавр чун олоти сиёсӣ истифода хоҳанд бурд. Хусусан дар замони глобализатсия, давлатҳои хурду камқувват қурбони бозиҳои сиёсии абарқудратҳо гашта, сохтори сиёсияшонро аз даст медиҳанд. Бинобар ин «сохтори қудратӣ, ё амниятиро» зарур аст, ки барои бехатарии давлату миллат ҳамеша омода бошанд. Ҳанӯз 20 сол пеш бо ташаббуси Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қуръон» – китоби муқаддаси мусулмонон ба забони тоҷикӣ (хуруфоти кирилӣ) баргардонда шуда буд, то ки ҷавонон онро хонда аз исломи пок огоҳ шаванд. Агар дуруст назар кунем, ба ҷавонони имруза касе ба таври бояду шояд мазмуни «Қуръон»-ро намефаҳмонад ва яке аз сабабҳои ба терроризм гаравидани ҷавонон ҳам дар надонистани исломи ҳақиқӣ мебошад. Ҷавонон чи дар Точикистон ва чи берун аз он ғизои маънавиро аз интернет мегиранд, ки аксаран ба мазҳабу менталитети мо созгор нестанд. Аз ҷумла ақидаҳои гуногуне, ки дар хориҷа хело ривоҷ дорад ва хоси мазҳабу миллати мо нестанд нигаронкунанда мебошанд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ин амали номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Мавриди зикр аст, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкурро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст. Дар ин раванд, моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасби сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегирад. Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносон, дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидан аз манфиат холӣ нест.
Ф.МАМАДҶОНОВ