БАҲРИ УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ СУБОТ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Мусаллам аст, ки қисми зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Воқеан ҷавонон дар ҳама давру замон идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои миллӣ буда, рисолати ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлоли кишвар то ба имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавононкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин намудани шумораи зиёди ҷавонони боистеъдод ва лаёқатманд, бунёди боғҳо, гулгаштҳои фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ, ба фаъолият оғоз намудани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо вав билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат гувоҳи медиҳанд.
Албатта ин ҳама бовариву дастгирӣ, муҳаббат, ғамхориҳо ва самимияти падарпона ҳисси масъулият,ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии милии ҷавононро афзун менамояд.
Лекин, мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки ҳамаи ин неъматҳои арзишмандро сарфи назар намуда, ба гуруҳҳои ифротиву террористи шомил мешаванд, ба номи Ватан-модар доғ меоранд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Баробари ин бояд қайд кард,ки имрӯзҳо дар ҷаҳон садҳо гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, ба мисоли Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал-Қоида, ТТЭ ҲНИ ва ғайра равияҳои ифротӣ амал менамоянд, ки ҳар кадом гӯё худро ҳомии дини Ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаҳои нопокашонро дар байни аҳли ҷомеа, бахусус байни ҷавонон ва нафарони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта паҳн менамоянд. Ин гуруҳҳо асосан аз бесаводӣ, нодорӣ ва гумроҳиву камтаҷрибагии ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба доми фиребунайранги худ ҷалб мекунанд ва дар амалҳои ғайриинсониашон истифода менамоянд. Бо ақидае, ки гӯё ба ҷиҳод рафта шаҳид мешаванд.вале оқибати ин амалҳо хиёнат ба Ватан- модар, доғ овардан ба волидайн ва хору залил шудан аст. Бояд қай кард, ки нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ, баъзе гуруҳҳои терррористӣ ба мисоли ДИИШ ва Ал-Қоида ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта,фаъолияташонро ба роҳ монда, Ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Масалан санаи 14 апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави ДИИШ 11 нафар боздошт шудаанд, ки дар байни боздоштшудагон, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Баробари бояд ёдовар шуд,ки дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои доихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, миқдор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Аз ин маълумоти оморӣ хулоса бароварда, набояд фаромўш кард, ки то ҳол гуруҳҳои террористи ДИИШ , Ал-қоида, ТТЭ ҲНИ ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразхои сиёсии худ фаъолият доранд. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *