Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонашро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, талош меварзанд то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» хеле назаррасанд ва натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овардаанд.
Солҳои қаблӣ мушоҳида мешуд, ки шаҳрвандон тӯю маърака, ҷашну маросимро бошукӯҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Ин амалашон дар аксари вақт боиси касодии буҷети оила, носозию нооромиҳо дар оила ва дар ин замина бад гаштан ва ё канда шудани муносибатҳои оилавӣ мегардид. Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки санади ҳуқуқие қабул карда шавад, то тамоми муносибатҳои соҳа дар сатҳи қонунӣ танзим гардад. Баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад. Пас аз 10 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аён гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ҳамчунин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуд. Таҷрибаи амали Қонуни мазкур нишон дод, ки он барои ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ ва дигар суннатҳои мардумӣ нақши бориз гузошта, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистолн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се ҷанба – маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад.
Ҷанбаи маънавии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо мусоидат менамояд.
Аз лиҳози иқтисодӣ Қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин иқдоми нек, на танҳо ҳидояти қонун, балки амали неки ҳар як инсон оид ба эҳтиром нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастоварда, дарки он ки ҳама гуна исроф навъе аз беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулки худ буда, хилофи одату анъана мебошад, зарур аст.
Ҷанбаи ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистолн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар мамлакат мебошад.
МАМАДҶОНОВ Ф.