Таҷриба собит намудааст, ки ҳузури ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии диниву мазҳабӣ дар майдони сиёсӣ ҳамеша боиси харобиву сар задани низоъҳои гуногун дар кишварҳои алоҳида мегардад.Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо собиқ ҲНИ-ро мисол меорем,ки роҳбарияту аъзоёни он ва пайравонаш чандин нафарро аз мазҳаби Абӯҳанифа берун сохта, бо ҳамфикрони нопокаш солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, ҳаммиллатони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Бори дуюм бошад, тахти роҳбарии Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 хостанд кишвари моро ноором созанд, ки хушбахтона ин кор ба онҳо муяссар нагашт.
Ин навбат роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, хоса Шерзамонов Алим, ки имрӯз бо пуштибонии ҳоҷагони ҳориҷӣ дар кишвари Аврупо қарор дошта, бо номи “Паймони миллӣ”(ПМ) фаъолият дорад, ки бадкирдору хоин фикри баду забони бадаш худашро заҳролуд кардаасту ҳоло худаш дарду аламу захми кордро начашидааст, бо пайравонаш, яъне бо Мамадшоев Улфатхоним ва собиқ генерал- майори низомӣ Холбаш Холбашев амали навбатиашро тарҳрезӣ намуда, бо ҷалби гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва ҷавонони роҳгумзада дар қаламрави шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушон ВМКБ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ва бетартибиҳоро ташкил намуда, бо ин роҳ вазъи оромии вилояти Бадахшонро ноором кардаанд. Дар натиҷа, гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, қисме аз ҷавонони роҳгумзада ба ин дасисаҳо дода шуда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд, ки пайомадҳои фоҷиабори он фаромӯш нахоҳад шуд.
Ҳоло саркардагони ТТЭ ҲНИ – ПМ ва пайравонаш дар Аврупо “ҷомаи демократия” ба бар карда, бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳо, шабакаву каналҳои ҷудогона дар интернет-шабакаҳои иҷтимоӣ зимни баромадҳои ифротӣ алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик дасиса эҷод менамоянд. Мақсади асосии онҳо ба даст овардани қудрати сиёсӣ асту бас, вагарна бо он гузаштаи нангине, ки доранд, ба камтарин кори манфиатбахш қодир буда наметавонанд. Зеро дуруст ба назар мерасад, ки ин раҳгумзадагон ҳанӯз аз зери таъсир ва дастгоҳи идории хоҷагони хориҷиашон раҳо наёфтаанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи душманони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, ба ҳар гуна ҳаракатҳои зиддимиллии онҳо посухи сазовор диҳанд.
А.Валиев, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ