Мо аҳли зиё зидди терроризм ва гуруҳҳои ифротгаро ҳастем!

Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Тањлили маълумотњои давравї аз он шањодат медињанд, ки дар солњои охир зиёда аз 100 мамлакатњои љањон дар асоси амалњои љангљўёнаи террористон хароб гардидаанд, зери таъсири њамлањои онњо садњо њазор нафар ањолии осоиштан дунё ба њалокат расидаанд, миллионњо нафар одамон макону манзили зисташонро маљбуран тарк карда сарсону саргардон шудаанд. Ваъзияти ба амал омада талаб менамояд, ки тамоми ањли љомеаи љањон сарљаъмона бар зидди терроризм ва ифротгарої мубориза баранд, то ки сулњу амният ва осоиштагї дар љањон таъмин гардад.

Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёре аз мушкилоти фаромилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили доғи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.
Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд.
Аммо калимаҳои ба ин монанди радикализм (тундгароӣ -фаъолияти сиёсии гурӯҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзо мубориза мебарад), фанатизм (таассубгароӣ), фунтаментализм (бунёдгароӣ), терророзм ба маъноҳои зайл омадаанд.
Дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд, ки террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд, ки яке аз инхо Ҳизби наҳзати ислом мебошад,ки бо мақсадҳои ғаразноки худ баъди интихоботи Президенти соли 2015 бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода барои аз байн бурдани давлати соҳибистиклолу демократии мо амалҳои нопоку ғаразноки худро бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ пиёда намуданд .
Оре, гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ алакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.
Аслан мо наметованонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро тирроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд.
Бояд хуб дарк кунем, ки терриризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифа мебошанд ва ягон вобастагие ба Ислом надорад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем. Аз чумла мо аҳли зиё бояд барои пешрафту гул гул шукуфии ватани биҳиштосоямон камари ҳиммат бандем ва побанди ҳизбу ҳаракатхои мамъну набошем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯсти тарбия намоем.

 

Муовини декан

Манонова Р.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *