Оё ҷомеае, ки ба таври куллӣ мусулмон аст, метавонад, ҳизби ба ном исломӣ бо ҷобаҷогузории як авлод дар раъси он ифодагари арзу ниёзи мусулмонҳо бошад? Ё бозтоб додан ва инҳисорталабӣ дар мавзӯи дини ислом аз номи як ҳизб бо ақоиди деҳагӣ-қавмӣ то куҷо метавонад, дархури ниёзҳои аслии миллат бошад?
Аҳзоби исломӣ дар ҷомеаҳои собиқ шӯравӣ пойдевори устувори зеҳнӣ надоранд. Ҳатто маълумоти миёнаро ба қадри кофӣ нагирифтаанд. Аз ин рӯ, зуд ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил мегарданд. Худашон вазъро таҳлил карда наметавонанд. Ба ин мисол шуда метавонад воқеаҳои солҳои 2001-ум, ки шомилшавӣ ба «Ҳизби таҳрир» ба ҳукми мӯд даромада буд. Мубаллиғони ин равия аз видео, филмҳои тарғиботӣ истифода мекарданд. Ин дар ҳоле буд, ки ба он аксуламал аз ҷониби уламои дин ва намояндагони ҲНИТ нишон дода намешуд. Онҳоеро барои аъзо шудан ба ин гуна ташкилоту ҳаракатҳо водор месозанд, аксар ҳолат аз ночории онҳо истифода мекунанд. Бо истифода аз дигар кирдорҳои нолоиқи ҷомеа аъзоёни худро ба ин роҳ мебаранд.
Роҳбари ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслақонаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дустиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» буд. Мардумро бо роҳи фиреб дар бемористонҳо аъзоҳояшон рафта, бо ҳар роҳу восита ба ҲНИ аъзо мекарданд. Намоз хондан нахондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад як то-муқобили Ҳукумати қонунии ҶТ. Исломи азиз дуруғу фиребу иғвогариро намеписандад.
Аҳзобе, ки ба бероҳа рафтани ҷомеа замина мухайё месозанд, бояд лаҷомаш гирифта шавад, то низоми ба таври хазандавӣ таҳмил намудани раванди мазҳабӣ дар ҷомеа пешгирӣ шавад.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудани фаъолияти Ҳизби наҳзат яке аз омилҳои таъмини амният дар ҷомеа ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои мудҳиши муташаккил ва инчунин пешгирии пайравии ҷавонони Тоҷикистон аз ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фитнаангез ба шумор меравад.
Мудири кафедра Файзиева С.А.