Ғояҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва ошкоршавии хоинии наҳзатиҳо

Мазҳабгароӣ, экстремизм ва терроризм, ҳама як ҳадаф доранд -душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳо ва дар тамоми олам дини мубини Исломро сиёҳ кардан аст. Зеро дар тафаккури доираи кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сарчашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Мавриди қайд аст, ки Президенти кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудаааст. – «Гузашта аз ин, ки имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад.
Яке аз сиёсати ҳадафманди ҳизби наҳзати ислом, ки дар ҶТ соли 1991 таъсис ёфта буд, маҳз мазҳабгароӣ буд. Таблиғгарони ин ҳизб, ки аз мактаби бузурги сиёсатмадорони Эрон огоҳ буданд, мехостанд мамлакати моро дучори низоъ ва сулҳи моро халалдор кунанд. Ин парда аз рӯи чеҳраҳои асосии ин ҳизб бардошта шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба онҳо паноҳгоҳ дод ва ба конфронси исломӣ онҳоро расман даъват карданд. Дар ҳоле, ки ҶТ ва як қатор ташкилотҳои бонуфӯзи дунё ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстримистӣ эълон карда буданд.
Ғайричашмдошт сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар мамолики Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарк оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.
Муболиғони ҲНИ дар ВАО ва масҷидҳо баромад намуда аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Љумҳурии исломии Тољикистон даъват менамуданд. Боиси қайд аст, ки дини Ислом пайравонашро ба сулҳу ваҳдат, ватандӯсти, дӯстиву рафоқат ва зиндагии шоиставу осоишта даъват менамояд. Ҳизби наҳзат ягон робитае ба дини Ислом надошт, баръакс ҳамаи корҳояшон муқобили китоби мукаддаси мусулмонон «Куръони Карим» буд.
Бо роҳи фиреб мардумро ба ҳизби наҳзати исломии Точикистон аъзо мекарданд. Дар интихоботҳо мегуфтанд: «номи Исломро хат назанед кофир хоҳед шуд». Аз ин маълум мегардад, ки мақсади онҳо якто – муқобили Ҳукумати қонунии Љумхурии Тољикистон баромадан ва вазъиятро ноором намуда ба нафъи худ истифода бурдан.
Ба ҳамагон маълум гардид, ки ҳизб бозичаи дасти Эрон гаштааст. Гузаштаи талхи начандон дури ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори ҳизбиён ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Пешгирии раванду ҳаракатҳои ғайриконунӣ ва нанговар кори дастҷамъонаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда ва бо ҳамин васила қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватани азизамон иҷро кунем.
Нафрати беасос ва ғаразпешаи аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат ба ҷомеа ва мамлакати мо доштанд, шикаст хӯрд. Боиси қайд аст, ки ватанфурӯш нафрат ҳам надорад, чунки ӯ худ нафратзада аст.
Дар ҳоле, ки 13 давлати аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилали доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолияти ҲНИ-ро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд ва суханрониҳои наҳзатиҳо дар САҲА сабабгори ҳалокату бадбахтиҳо дар сайёра мегардад. Мо шикасти наҳзатиҳоро бе чуну чаро мебинем. Чунки САҲА бояд обруву эътибори худро нигоҳ дорад ва боварии аҳли ҷомеаи сайёраро коста нагардонад.

Боиси хушнудист, ки љомеаи имрӯзаи Тољикистони соҳибистиқлол ин падидаи номатлуби љомеаро хуб дарк намуда, аз ватани азизамон фирор кардани эшонро ҷонибдори намуда, пазироиашон намекунанд.
Шахсиятҳои ғаразпешаи ҲНИ як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда ҳамчун ватанфурӯш ва барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар нақш хоҳанд баст. Ин ашхосон мисли мори заҳрдор дар Тоҷикистон ғарқи ҳадафҳои нопоки худ хоҳанд гашт.
Тоҷикистони азизам – гулшукуфон бод!

Муаллими калони
кафедраи молия ва қарз
Бобоев Ф.М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *