Бо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ба пеш ба сӯи ободкорию созандагиҳо!

 

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо – аҳли омӯзгорон вазифа мегузоранд, ки бо роҳи ҳаматарафа густариш додани арзишҳои неки ҷомеа, бо ташаккул додани ҷомеаи фарҳангӣ, ки пешрафтро тақвият доданием ва ҷавонони кишварамонро ҳамчун инсони андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг тарбия намуда ба камол бирасонем. Барои худ ва ба наслҳои оянда зиндагии шоистаро бо омӯзиши таърихи ниёгонамон ва баландбардории донишу малакаи баланд таъмин намоем. Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, давлатдории миллии  тоҷиконро аз нав эҳё намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вазъияте роҳбари давлат интихоб гардиданд, Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд, ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омада буд. Дар он лаҳзаҳо мақсади асосии Роҳбари давлат пеш аз ҳама хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз парокандагию бадбахтӣ буд. Дар ҳақиқат Сарвари давлат вазифаи таърихии хешро иҷро намуд.

Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудааст, маҷмӯи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ ва заҳматписандию таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, шикастнафсӣ, касбу ҳунаромузӣ, дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва некӯкорӣ, адлу адолатҷӯйӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯйӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат, аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида истодааст ва мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба ватанпарастию миллатдӯстӣ, ба қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан, ҳидоят менамоянд. Имрӯзҳо ҳадафи асосии тарбия ин аз барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб мераванд. Мақсаду мароми имрӯзаи мо устодон бошад, ин ҳидоят ва даъватҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ки дар мавриди тарбияи насли ҷавону барноро тақвият бахшидан барои бартараф кардани васваса ва зайифиҳои инсоният аз табиати худи ӯ, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди иродаву маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеояд, нигаронида шудааст.

Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллат дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Бо мақсади эҳё намудани хотираи таърихии миллат бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат як силсила абармардони таъриху фарҳангии миллат Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлонӣ Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ арҷгузорӣ шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи байнлмилалӣ доир карда шуданд. Дар давраи Истиқлолият ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ҷанбаҳои ҳаётии Ваҳдати миллиро ба вуҷуд орад. Бунёди роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, ва дигар корҳои бузург ба сомон расонида шданд. Роҳи Кӯрғонтеппа-Кулоб, роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Қулма-Қароқум, нақбҳои Шаҳристон, Истиқлол, Шаршар, Чормағзак, хатти баландшиддати 500 КВт, интиқоли барқи Ҷануб-Шимол ва ғайра сохта шуданд.

Таваҷҷуҳи хоса медиҳем ба андеша ва таъкиди Президенти кишвар: “Зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад”. Ногуфта намонем, ки дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз фазои иҷтимоии давру замон масъалаи маорифу фарҳанг мақоми марказиро касб менамоянд.

Истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда ва тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ, ки ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст халқи мо хеле хуб дарк намудааст. Бино ба ин рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст.

Рӯҳияи мардум вобаста ба инкишофи ҷомеа бояд дар асоси омилҳои устувор аз истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимоди ояндаи некро дар бар мегирад, дастгирӣ ва таҳким ёбад.

Илму маърифат дар афкори маорифпарваронаи Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус дорад ва агар онро ҳар фарди бедордил ба сифати дастур сармашқи зиндагиаш бипазирад, мунтазам аз пайи андӯхтани илму маърифат бошад, бешак дар кулли ҷодаҳо ӯро комёбиву пешрафт дар канор хоҳад буд.
Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустақил барпо шуд. Мо-устодони Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  бо як ифтихори баланд фахр аз он менамоем, ки таҳти сарварии чунин як шахсияти сулҳпарвару фарҳангдӯст барои таъмини шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзем.

  

 

Манонова Р.А.,

н.и.п., дотсент

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *