Мизи мудаввар дар мавзӯи “Оё шумо шаҳри Хуҷандро медонед?” дар ДИС ДДТТ

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки санаи 25 сентябр рост омад  дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,  факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон мизи мудаввар дар мавзӯи “Оё  шумо шаҳри Хуҷандро медонед?” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Мирпочоев Д.А, мудири шуъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф.А, профессор Комарова Г.Б, ва  дигарон ташриф оварданд.

Чорабиниро мудири кафедра, н.и.и., дотснт Муҳитдинова Ш.С.  ҳусни оғоз бахшида, оиди Хуҷанди куҳнабунёди тозаҷавон маълумоти мукаммал доданд.

IMG_8021
IMG_8033
IMG_8035
IMG_8060
IMG_8042
IMG_8062
IMG_8071
IMG_8036
IMG_8103
IMG_8053
IMG_8058
IMG_8087
IMG_8146
previous arrow
next arrow

Баъдан суханро ба муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Мирпочоев Д.А. вогузор карда шуд.  Маърӯзаи пурмуҳтавои устоди кафедра Содирхон Умаров таҳти унвони “Зикри бузургони Хуҷанд дар Тазкират-ул-авлиё”доир ба таъриху фарҳангу маданияти мардуми Хуҷанд, шахсони баруманди ин шаҳри қадима, ақидаи олимони варзида оид ба таърихи пайдоиши шаҳри Хуҷанд шунида шуд. Баъдан омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон К.Қ. Ғайбуллоев дар мавзуи “Аз таърихи шаҳри Хуҷанд” баромади пурмазмун намуд.

Маъсумахон Калонова ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010300 “Иқтисодиёти чаҳон” дар мавзуи “Хуҷанд – маркази саноатии вилояти Суғд” бо забони англисӣ  маърӯзаи пурмазмун намуда, оид ба  имкониятҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд ва соҳаи саноат  маълумот дод.

Мамадҷонов Ф.С. ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010300 “Иқтисодиёти чаҳон” оид ба  саноати шаҳри Хуҷанд ва маҳаллаҳои он баромад намуда,  диққати аҳли нишастро ба худ ҷалб намуданд.

Давронзода Манижабону  донишчуи курси-2юм ихтисоси 25010407 “ Молия ва қарз дар ФИБ” таҳсилаш бо забоги анлгисӣ аз ашъори Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз шоирони забардасти шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад ғазалеро қироат намуд. Мавриди зикр аст, ки дар чорабини истифодаи муаррифиҳо (презентатсия) ва видеороликҳои пурмазмун оид ба шахри Хуҷанд хеле самаранок истифода шуда, диққати аҳли нишастро ба худ ҷалб намуд.

Бояд гуфт, ки мудири шуъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф.А., мудири шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ Мухторов С.С., дар доираи мавзуи  зикргардида суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабини Муҳитдинова Ш.С. аҳли нишастро хайра мақдам намуда, ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни миннатдории хешро аз номи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон иброз доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *