ДУРӮҒПАҲНКУНӢ ВА ИҒВОАНГЕЗИИ НАҲЗАТИҲО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Яке аз хоинони миллат – роҳбари  ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, баъди дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдан, номи ҳизбро «Паймони миллӣ..» номгузорӣ намуда, таҳти сарпарастии молиявии баъзе созмонҳои манфиатдори хориҷӣ, бо паҳн кардани дурӯғу фитна, таҳрифи воқеиёти рӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳои мамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводиси имрӯзӣ, тавзеҳи муғризонаю яктарафаи руйдодҳо ва пахши иттилооти нодурусту душманона машғул аст. Инчунин ҳаммаслакону думравони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, Гадоев Шарофиддин ва дигарон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара басуханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ ва иғвоангезӣ машғуланд. Дигар илоҷе надоранд!

Ин навбат хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ  бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон  зимни яке аз бармадаш доир ба авзои имрӯзаи Афғонистон чанд андешаҳои бепояю подарҳавои бемантиқ баён намуд.

Кабирӣ, ки ба панду ҳикмат, ҳушдор додани дигарон хеле одат кардааст, хуб мешуд, ки аз сарнавишти имрӯзаи мардуми Афғонистон хулосаҳои дуруст барорад ва ба хотири нақшаҳои ифлосу палидонааш ба мардуми тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат назанад ва аз иғвогариву ихтилофангезии худ, неши заҳрнок задан шарм дорад, мо медонам, ки ӯ тарки одат балои ҷон гуфта ҳеҷ гоҳ аз ин рафтору кирдори азилонааш даст намекашад.

Хулоса Кабирӣ ва пайравону думравони ӯ бори дигар собит сохтанд, ки онҳо ҳамеша хиёнатгарони Ватану миллати тоҷик мебошанд. Кабирӣ ва пайравонаш , ки ба панду ҳикмат, ҳушдор додани дигарон хеле одат кардаанд, хуб мешуд, ки аз сарнавишти имрӯзаи мардуми Афғонистон хулосаҳои дуруст бароранд ва ба хотири нақшаҳои ифлосу палидонаашон ба мардуми тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат назананд.

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале боварӣ дорем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда мешавад. Кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.

                         А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *