НАҚШИ МАКТАБИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар шароити муносибатҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, масъалаи таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки  ба ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳо  ҷиддан таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст.

Таҳлилҳои охир нишон медиҳанд, ки баъд аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз Афғонистон вазъият дар ин кишвар дар давоми моҳҳои охири соли равон боз ҳам мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон» , яъне  ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви СММ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро боз душвору пурҳассос кардаанд.

Мо худ огоҳӣ дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба мисли кишвари ҳамсояи Афғонистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод .

Дар он айёми мудҳишу вазнин барои Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нестшавии давлат ва миллат гирифтор шуд, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму иродаи қавӣ ва ҷуръати бузурги сиёсии Сарвари  кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона корвони сулҳи тоҷикон пас аз сипарӣ намудани чандин даври музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи нав ва созандае дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ин дастоварди бузургтарин дар даврони истиқлолият мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Бинобар ин кишвари мо ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва умуман ҷаҳон ба буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир  доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон ва барои таъмини сулҳу субот ва амният бо Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкорӣ менамояд. Кишвари мо аъзои фаъоли сохторҳои минтақавӣ -Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравиро ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муассир амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, дар шаҳри Душанбе як қатор конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд, аз ҷумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018  дар ш. Душанбе) ва конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019 ) доир гаштанд.

Дар соли 2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  (15 июни соли 2019  ш. Душанбе) ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ш. Вена 10-11 июли соли  2019 года) ба ӯҳда дошт.

Ҳамчунин, соли 2020-2021 Тоҷикистон раисии худро дар нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай,  ба ӯҳда дошт.

Бояд тазаккур дод, ки санаи 17 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ба анҷом расид. Дар Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ масъалаи Афғонистон мавзӯи асосӣ  ва калидӣ буд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳаст.

Дар заминаи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, дар мулоқоти худ дар Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон дар бораи ташкили музокирот байни толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ин бевосита дастоварди бузурги дипломатияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти Афғонистон мебошад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои бузурги ӯ, марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд.

Бояд қайд кард, ки санаи 17 августи соли 2018  дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмини муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, санаи 6 августи соли ҷорӣ дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро тақдим намуданд.Ин шаҳодати он аст, ки воқеан  мактаби  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амният ва сулҳу оромӣ на танҳо дар дохили кишвар балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сатҳи ҷаҳон хело бузург аст. Имрӯз, мақоми Тоҷикистон ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва глобалӣ дар ҷаҳон боз ҳам баланд гашта, тавассути ӯ миллати тоҷик низ шуҳратёр гаштааст.

 

ҲОШИМОВ Ф.Ҷ.,

муаллими калони

кафедраи ҷомеашиносӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *