ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ вобаста ба андешаи носолими паймони худсохтаи наҳзат дар сомонаи ифроти “Ислоҳ.нет” (аз 10 декабри соли 2023)

Мо кормандони шуъба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ ҳастем, ки ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як ангезаи глобалӣ табдил гаштааст. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа амиқтараш раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ” (калимаи Тоҷикистонро хамроҳ накардем) мебошад. Пушида нест, ки ташвиқу тарғиботи аъзоёну думравони собиқ ҲНИ, ки мо онро “Паймони миллӣ” зикр намудем, солҳои охир, бахусус моҳҳои октябр, ноябр ва ҳафтаи аввали декабри соли равон, асосан аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш, алалхусус Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев ва Салим Султонзода тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ бо навбат баромадҳои ифротӣ намуданд.Чунончи санаи 10 декабри соли ҷорӣ М.Садриддин бо ҷалби чоплуси ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров вобаста ба рӯзи таҷлили  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардидааст, баромад намуда, нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол моддаҳои онро бо таври худ андешаронӣ намуда,  андешаи носолими худро баён сохтанд. Ба  хоинони миллат таъкидан қайд менамоем, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст. Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар фарҷоми изҳороти хеш баромадҳои хоинони миллатро бори дигар шадидан маҳкум менамоем. Хулоса, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, чун солҳои қаблӣ ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандили кишвар!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *