Натиҷаҳои назарраси Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар нимсолаи аввали соли 2021

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ оид ба натиҷаи фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар оғоз директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан намояндагони васоити ахбори умумро хайрамақдам гуфта, ба таври фишурда оид ба дастоварду комёбиҳои донишкада маълумот дода, таъкид намуд, ки донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ  намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу роҳнамоии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, дар асоси ҳадафҳои зерин фаъолият менамояд:

  • дар сатҳи баланд омўзонидани донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ;
  • сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ;
  • технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ;
  • омўзонидани на кам аз 3-4 забонҳои хориҷӣ.
IMG_7096
IMG_7084
IMG_7082
IMG_7080
IMG_7072
IMG_7070
IMG_7069
IMG_7066
IMG_7061
IMG_7057
IMG_7054
IMG_7052
previous arrow
next arrow

Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар зинаи бакалавриат аз рўи ду кластер, 20 ихтисос дар шуъбаҳои рўзона ва фосилавӣ  (кластери 2 – ихтисосҳои иқтисодӣ  ва географӣ  (аз рўи 17 номгўи ихтисос) ва кластери 4 – ихтисосҳои ҷомеашиносӣ  ва ҳуқуқ (аз рўи 3 номгўи ихтисос) мутахассисон тайёр менамояд.

Дар асоси Қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №5/16 ба Донишкада баҳри пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рўи 4 ихтисоҳои нав иҷозат дода шуд.

Рамзи ихтисос Номи ихтисос
1 1-400101 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ
2 1-310304-08 Web – дизайн дар графикаи компютерӣ
3 1-25011026 Иқтисодиёти рақамӣ
4 1-250105 Омор

Тибқи натиҷаи ниҳоии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, донишкада аз ҷойи 20-ум мавқеи 14-умро ишғол намуд.

Дар зинаи магистратура Донишкада аз рўи 8 ихтисос:

молия ва қарз;
баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил  ва аудит;
иқтисодиёти ҷаҳон;
иқтисодиёт ва идора дар корхона;
менеҷмент;
хадамоти гумрукӣ;
технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт);
ҳуқуқи иқтисодӣ.

мутахассисон тайёр менамояд.

Дар зинаи докторантура PhD бошад, донишкада аз рўи 4 ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд:

иқтисодиёт;
менеҷмент;
молия;
иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи замони муосир мебошад.

Дар Донишкада 750 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 33 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 103 адад проектор, 80 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ  пурра бо Интернети беноқили Wi-Fi пайваст карда шудаанд.

Инчунин дар донишкада китобхонаи анъанавӣ  ва электронӣ, синфхонаи интернет, синфхонаҳои лингофонӣ  – 4 адад, синфхонаҳои компютерӣ  – 6 адад, синфхонаи компютерии бонки таълимӣ  – 1 адад, синфхонаи компютерии инноватсионӣ  барои омўзиши барномаи 1С – корхона – 1 адад, синфхонаи компютерии таълимии омор – 1 адад, озмоишгоҳи молшиносӣ  ва муоинаи молҳои истеъмолӣ  – 1 адад, маҷлисгоҳи калон бо 250 ҷои нишаст, толори Шўрои олимон, толори фитнес бо 18 тренаҷер, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 90 ҷои нишаст, хобгоҳи дорои 23 адад ҳуҷраи истиқоматӣ  барои 70 нафар донишҷўён ва бунгоҳи тиббӣ  мавҷуд аст.

Дар идомаи суханрони Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зикр намуд, ки таъмиру таҷдиди бинои нави таълимии донишкада бомаром сурат гирифта, бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Бинои мазкур ба таври замонавӣ таҷдиду таъмир гардида, бо лавозимотҳои муосири таълим ҷиҳозонида мешавад.

Дар Донишкада шабакаи электронии автоматикунонии идоракунии маъмурӣ  ва назорати сифати таҳсилот “ALFA XPress” амал менамояд. Дар он ҳамаи маълумотҳо оид ба ҳар як донишҷў, аз ҷумла, варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳавасмандкунии донишҷўён, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, маводҳои дарсии профессорону омўзгорон – силлабусҳо, маҷмааҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмааҳои мисолу масъалаҳои фаннӣ, тестҳо, мисолу масъалаҳои имтиҳонӣ ва ғайра ворид карда мешаванд, ки донишҷўён ва омўзгорон аз он васеъ истифода менамоянд. Санҷишҳо ва имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷў, баробари ба итмом расидани имтиҳон, имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбирҳо баҳри шаффоф гузаштани имтиҳон ва баҳогузории объективона мусоидат менамояд.

Теъдоди профессорону омўзгорон 249 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии устодону омўзгорони муқимӣ 84 нафарашон дорои дараҷаи илмӣ  (7 доктор ва 77 номзади илм) мебошанд. Аз онҳо 55 нафарашон унвони илмӣ (10 профессор ва 45 дотсент) доранд. Инчунин аз ҳайати умумии устодону омўзгорон 70 нафарашон муаллими калон, 95 нафар ассистентон мебошанд.

Баҳри баландбардории сатҳи некўаҳволии ҳайати профессорону устодон моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шўрои олимон озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омўзгорон гузаронида шуд, ки 77 нафар устодон дар озмун иштирок намуда, аз рўи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 3 нафар ба вазифаи профессори кафедра, 4 нафар ба вазифаи мудири кафедра, дотсент, 7 нафар ба вазифаи мудири кафедра, 5 нафар ба вазифаи дотсенти кафедра, 13 нафар ба вазифаи номзади илм, муаллими калон  ва 45 нафар ба вазифаи муаллими калон таъин карда шуданд.

Тибқи мактуби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таҳти № 93 (7) – 1, аз 11.05.2021с. ҳаҷми моҳонаи ҳайати профессорону омўзгорон аз моҳи сентябри соли таҳсили 2021-2022 ба андозаи 10% зиёд гардида, 2 нафар донишҷўи маъюби гурўҳи якум аз пардохти маблағи таҳсил озод, 9 нафар донишҷўи маъюби гурўҳи дуюм ба андозаи 50% аз пардохти таълимпулӣ озод карда шуданд. Инчунин ба 9 нафар донишҷўи шуъбаи рўзона, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, идрорпулии Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муқаррар карда шуд.

Теъдоди умумии муҳассилин ба ҳолати 30.05.2021 сол 4122 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2462 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи бакалавр (682 нафар духтарон), 152 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи магистратура (44 нафар духтарон), 830 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (367 нафар духтарон), 660 нафар дар низоми фосилавӣ (243 нафар духтарон), дар зинаи докторантура аз рўи ихтисос PhD 18 нафар (2 нафар духтарон) таҳсил намуда истодаанд.

Натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи рўзона нишон дод, ки пешрафт дар Донишкада ба 88,12% ва сифат ба 23,74% баробар аст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Донишкадаро 828 нафар хатм намуданд. Аз ҷумла:

  • Дар зинаи бакалавриат, шуъбаи рўзона – 480 нафар;
  • Дар шуъбаи омўзиши ғоибона – 269 нафар.
  • Дар зинаи магистратура – 61 нафар;
  • Шакли таълими анъанавӣ – 18 нафар
  • Бо дипломи аъло – 11 нафар.

Дар давраи ҳисоботӣ 31 нафар аспирантон, магистрантон ва донишҷўёни донишкада соҳиби идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва Раиси ноҳия гардиданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 19 адад китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳои донишкада аз чоп бароварда шуд.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад.

 Корҳои илмӣ – тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин низомномаву ҳуҷҷатҳои дохилии донишкада, ки раванди банақшагирӣ, ташкил ва иҷроиши корҳои илмӣ – тадқиқотиро танзим менамоянд, ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 конференсияҳои байналмилалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва 3 конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ ва вилоятӣ гузаронида шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 озмунҳои гуногун баргузор гардида, дар он донишҷўён фаъолона ширкат варзиданд. Натиҷаҳои озмун аз ҷониби Раёсати донишкада ва намояндагони кордиҳандагон ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо тўҳфаҳои арзишманд: ноутбук, нетбук, смартфонҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Даври шаҳрӣ ва ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурўғи маърифат» ҷамъбаст гардида, донишҷўёни донишкада сазовори ҷойи 2-юм дар ноҳияи Б.Ғафуров аз фанни география, ҷойи 2-юм дар ноҳияи Айнӣ аз фанни математика дониста шуданд.

Дар даври шаҳрии  озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши шоирӣ донишҷўи донишкада Фирдавс Ўрунов ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.

Донишҷўёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва пешрафти илмӣ-техникӣ» фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа соҳиби як адад дипломи дараҷаи 1, ду адад дипломи дараҷаи 2 ва ду адад дипломи дараҷаи 3 гардиданд.

Аз рўи ҷамъбасти натиҷаи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омўз…» донишҷўёни донишкада дар байни макотибҳои олии кишвар сазовори ҷойи 2-юм аз фанни забони англисӣ ва сазовори ҷойи 3-юм аз фанни назарияи иқтисодӣ гардиданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби ҳайати профессорону устодони донишкада 588 адад мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА тасдиқшуда, маводҳои конференсияи байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишкадавӣ нашр гардиданд, ки 225 адад мақолаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёд аст.

Дар донишкада 14 адад маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо фаъолият намуда, дар давраи ҳисоботӣ 137 адад маърўзаҳои илмии устодон дар семинарҳои илмӣ-назариявӣ шунида шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 8 нафар устодони донишкада рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Аз ҷумла, рисолаҳои номзадии 18 нафар барои ҳимоя омода гаштааст.

Ҳадафи асосии робитаҳои байналмилалӣ рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва робитаи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 барои ҳайати профессорону устодони кафедраҳои тахассусии донишкада дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ва ҳамкориҳои тарафайн аз ҷониби экспертони Донишгоҳи Лауреаи Финляндия Кари Халмё, Донишгоҳи Истанбули Окан профессорон Ирем Ялки Беркер ва Оя Кент 4 маротиба силсилаи семинар-тренингҳо доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 40 нафар омўзгорон иштирок намуда, соҳиби сертификатҳо гардиданд.

Дар ин давра конференсияи байналмилалии ҷамъбастии лоиҳа дар мавзўӣ “Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ” бо ширкати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми шарикони хориҷӣ баргузор гардид.

Cанҷиши омодагии донишкада баҳри гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа буда, бо Оҷонсии байналмилалӣ барои таъмини сифати таҳсилот ва аккредитатсияи Олмон – AQAS чорабиниҳои худбаҳодиҳӣ гузаронида шуд. Ҳисоботи оҷонсии AQAS ҷиҳати худбаҳодиҳӣ ба забони русӣ тарҷума шуда, барои корбарӣ ба гурўҳи корӣ дастрас карда шудааст.

Аз рўи лоиҳаҳои “Мубодилаи байналмилалии кредитӣ  КА107 ЭРАСМУСЎ” дар Донишгоҳи Кантабрияи Испания – 3 нафар, Донишгоҳи Кордоба – 2 нафар ва Донишгоҳи менеҷменти Варна – 7 нафар донишҷўён дар нимсолаи якум ва дуюми соли таҳсили  2021-2022 таҳсили худро идома медиҳанд. Озмун барои мубодилаи байналмилалии омўзгорону донишҷўён бо Донишгоҳи Лауреаи Финлядия дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022 ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи тарбияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат оид ба соҳаи маориф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хукуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърўзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати донишкада, гузаронидани вохўриву сўҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад.

Дар доираи татбиқи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишкада беш аз 50 чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида шуданд.

Баъдан рўзноманигорон саволҳои худро оид ба рақобати донишкада дар замони муосир, ба ҷойи кор таъмин гаштани хатмкунандагон, теъдоди донишҷўёни хориҷшуда, ҷалби устодон аз хориҷи кишвар, эмгузаронии устодону донишҷўён, ворид гаштан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони варзида ба бозори меҳнат, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, сохтмони хобгоҳ, аттестатсияи омўзгорон, таъсири пандемия, диссернет, омўзиши забонҳои хориҷӣ пешниҳод карда, посухҳои муфассал ва мушаххас гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *