МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ БО РОҲИ ГУФТУШУНИД  ХОТИМА МЕЁБАД!

Санаи 29 апрели сори равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз  ва бархе аз истиқоматкунандагони наздисарҳадӣ даст ба чунин амали ношоиста мезананд. Ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани онҳо касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Набояд фаромӯш кард, ки аз ин ҳолат, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад. Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад. Имруз аз дирӯза  дида ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоқату ҳамдилӣ ниёз дорад. Дӯстӣ бо мардум олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад.Бадхоҳону бадандешон ҳеҷгоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид. Дар интиҳои сухани хеш хулосабарорӣ намуда, суханҳои  шоир ба ёд меояд,чунончӣ фармудааст:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад то ба худаш сад нарсад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

                                  

                                 Шогунбеков М.В.,мудири шуъбаи  

                                 омӯзиши фосилавӣ  ва ғоибонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *