Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нисбати муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистон ва  Қирғизистон

 

 Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар хатти марзии Чоркуҳу Ворух ва Боткенти Қирғизистон муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳҳои оташфишон  истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон. Мардуми ҷаҳон дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″ мемиранду лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад. Агар ба таърих рӯй оварем аён мегардад, ки чандин урфу одат анъана, маъракаҳои миллӣ, таомпазӣ, либоспӯшӣ, зироаткории мо ба ҳам наздик аст. Пас чаро мо имрӯз ҳамаи инро сарфи назар мекунему меҷангем. Бигузор мардуми кӯҳистон кишту кор кунад. Ризқу рӯзии худро ёбаду фарзандонаш ва хонаводаашро обод намояд.Воқеан мардуми боору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мардуми қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу калочаҳои беасосро паҳн намуда, даст ба ҷиноят мезанад. Мо мардуми боору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камолрасида соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ин корҳоро ҳаллу фасл намудан мо мақомотҳои дахлдор дорем ва бигузор онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл намоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сар барем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *