МАРДУМРО ГУМРОҲ НАМУДАН ХИЁНАТ БА ВАТАН АСТ!

Доир ба масоили ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рушони ВМКБ, ки соли равон рух дод, андеша ронда, кас ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр Мамадшоева Улфатхоним ва Холбашев Холбаш, собиқ хизматчии низомӣ, рутбаи генерал-майор дораду, чун Назарзода бар ивази чанд пул, ба доми фиреби муовини созмони терористӣ “Паймони миллӣ”(ПМ), Шерзамонов Алим афтода, бо ҷалби гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва ҷавонони роҳгумзада вазъи оромии вилояти Бадахшонро ноором кардаанд. Албатта ин рафтору кирдорҳо бе дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалӣ намешавад. Спонсорҳои онҳо низ маълуманд. Онҳо ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб додан намехоҳанд ва амалиёти давлатии дастгиркунии ҷинояткорро ба аҳли ҷаҳон амали худсарона ва ғайриқонунӣ гӯён эълон мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҳамагон пас аз намоиши филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна”нисбати душманони миллат хулосаи зарурӣ баровардаанд. Хулоса, мо аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи саргардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати –ПМ бохабар шудем.
Дар фарҷоми андешаи хеш таъкидан гуфтанием, ки осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *