ТТЭ ҲНИ –ТАБЛИҒГАРИ АҚОИДИ БЕГОНА

Имрӯзҳо дар сомонаи ифротии “Илоҳ нет” асосан Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар раҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозӣ ба шумор мераванд, аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, барои бадном кардани кормандони вазорату идоаҳои давлатӣ, инчунин ходимони илму фарҳанги кишвар дар назди ҷмоеа, маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи ифротиашон ҷой дода, бо ин васила худро “дилсӯзи миллат” нишон медиҳанд. Аслан ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд.
Вобаста ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан лозим аст, ки имрўз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиҳо ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирю Муҳаммадиқбол ва думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

М.АХМЕДОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *