РАҲБАРИЯТУ ПАЙРАВОНИ ТТЭ ҲНИ-ПМ АЗ АҲРИМАНСИФАТИИ ХУД ДАРАК МЕДИҲАНД

Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат,хусусан ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Чунончи раҳбарияти пайравони ТТЭ ҲНИ имрӯз ба доми хоҷагони хориҷи афтода, дигар илоҷе надоранду худбохтаю раҳгумзада, дар ба дару кӯ ба кӯ, ин бор дар кишварҳои Аврупо хурҷини гадоӣ сари китф бадгӯиву ҳасодат ба халқу ватани худ карда, аз аҳримансифатии худ дарак медиҳанд. Хоҷапарастиву хоҷагароӣ ва мансабталабию курсихоҳӣ ба фоидаи халқ нест. Раҳбарияту ва пайравони ТТЭ ҲНИ хоҷапарасту мансабхоҳ буда, талош доранд, ки Тоҷикистонро бори дигар ноором созанд. Масалан ҳодисаҳои навбатӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони ВМКБ рухдода даст доштани ташкилоти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва ташкилоти террористӣ аст, ки дар саргаҳи он Алим Шерзамонов, муовини роҳбари “Паймони миллӣ”(ПМ) мебошад. Бо далелҳои раднашаванда аён гардидааст, ки Шерзамонов А. бо пайравонаш, яъне Мамадшоева Улфатхоним ва собиқ генерал-майори низомӣ Холбаш Холбашев амали навбатиашро тарҳрезӣ намуда, бо ҷалби гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва ҷавонони роҳгумзада дар қаламрави шаҳру ноҳияи ВМКБ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо ин роҳ вазъи оромии вилояти Бадахшонро ноором кардаанд. Хулоса, ин ҳодисаҳо моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Ҳимояи ватан аз чунин нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ва умуман душманони миллати тоҷик, бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суббот дар ватанаи соҳибистиқлоламон бебозгашт давом медиҳад ва мо имсол бо дастовардҳои назаррас 25-умин солгарди Ваҳдату миллӣ-ро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Мо – фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболем ва ифтихор менамоем. Ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки барои ободии давлату милат саҳми худро дар пешрафти Ватан гузорад ва сулҳу Ваҳдати миллиро аз душманони миллат эмин нигоҳ дорад, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармо бошад, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Т.САЛИМОВ, сармутахассис оид ба сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *