МАРДУМИ ШАРИФИ МО ДОРОИ ХИРАД ВА НЕРӮИ СОЛИМУ ТАВОНОСТ!

Мо борҳо вобаста ба рафтору гуфтори бадхоҳони миллат, аз ҷумла Алим Шерзамонов, муовини роҳбари ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ, андешаҳои худро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки дар дар барномаи ифротии “Паймони милли” таҳти унвони “Оид ба вазъи Бадахшон” баромад намудааст, ибрози ақида намуда, сараввал онро маҳкум намуда, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки Шерзамонов Алим зимни баромадаш оид ба боздошти 8 нафар гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ВМКБ ғайриқонунӣ ҳисобид, ки ин ягон асосе надорад. Инчунин доир ба вазъи Бадахшон ғайривоқеӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки гӯё мушкилоти Бадахшон аз Украина камтар нест. Шерзамонов Алим бо ин баҳогузории беасос, танҳо ба хотири эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнокро пеша намуд. Чунин инкори ошкори воқеият ва талқини тасаввури нодуруст метавонад дар зеҳни сокинони вилоят таъсири манфӣ гузошта, ба Ваҳдати миллӣ халал эҷод намояд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, оид ба масъалаи ободонӣ ва рушди ВМКБ дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ оварда, бо истифодаи факту рақамҳои мушаххас аз гузоришҳои расмии боэътимод қатрае аз рушди боъсурати Бадахшон барои хонандаи гиромӣ зарур мешуморем. Масалан, дар соҳаи энергетикаи ВМКБ 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамчунин, барои такмилу таҷдиди шабакаи барқии вилоят дар давраи истиқлолият 250 зеристгоҳи барқӣ ва 270 километр хатҳои интиқоли барқ насб ва таҷдид гардид, ки дар натиҷа ҳудуди барқтаъминкунӣ дар вилоят аз 13 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба 96 фоиз расонида шуд. Бо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаи энергетикии дигар, вилоят 100 фоиз бо барқ таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, ҳоло амалисозии лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” бо тавоноии 11 мегаватт идома дошта, мувофиқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2023 ба истифода дода мешавад, ки илова ба таъмин кардани ВМКБ, ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. Воқеан рушди ин соҳаи муҳим рӯшантарин намунаҳои рушди ин вилоят дар даврони истиқлолият мебошад.
Дар фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки ҳамаи суханҳои бемантиқи Алим Шерзамонов асосе надорад. Хулоса, имрӯз бадхоҳони миллат дар Аврупо қарор доранду аз рушди босуръати Бадахшон бехабаранд. Такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Бадахшон, умуман Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *