ҲАДАФИ ТАРРОҲОНИ БОЗИҲОИ СИЁСӢ – ЭҶОДИ НИЗОЪУ ДАРГИРӢ, ТАШАННУҶИ МУНОҚИШОТИ ДОХИЛӢ

Таҳлилҳо собит менамоянд ва ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ТТЭ ҲНИ аз ҷониби тарроҳони бозиҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ сармоягузорӣ шуда, ин тарҳи сиёсӣ – мазҳабӣ бо мақсади эҷоди низоъу даргирӣ, ташаннуҷи муноқишоти дохилӣ ва саранҷом ташкили давлати динӣ-теократӣ дар минтақа идома дорад. Нақши хоҷагони хориҷӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва дар авҷ гирифтан ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани ТТЭ ҲНИ ба мушоҳида мерасанд. Имрӯз, ки раҳбарияту пайравони фирории ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ дар Аврупо минбардорӣ мекунанд, далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Баробари ин, таъкид кардан бамаврид аст, ки исломи сиёсӣ дар сад соли ахир ба сифати абзори муҳимтарини мафкуравӣ ва сиёсӣ дар дасти созмону гуруҳҳои манфиатпеша ва салтанатхоҳ қарор гирифта, ихтилофотро дар миёни ҷомеаҳои суннатии мамолики Шарқӣ мусулмонӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин лиҳоз, ки минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори радикализм ва терроризими динӣ – мазҳабӣ дар қолаби исломи сиёсӣ даргир мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии асосан ТТЭ ҲНИ ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Он замон кишварамон тамоми ҳодисаҳои фоҷеабореро, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар “марказҳои даргир”-и ҷаҳон рух медиҳанд, аз сар гузаронид. Ин имтиҳони ватандорӣ, душманони дохиливу берунӣ, бахусус симои аслии роҳбарияту аъзоёни ҲНИ-ро бо далелҳои раднашаванда фош кард. Хулоса, бояд донист, ки ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад.
Мо дар фарљоми мақолаи хеш иброз медорем, ки баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманону бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *