БУҒЗУ АДОВАТИ ТТЭ ҲНИ СОБИТ ШУД!

Тавре таҳлилҳо собит месозад, то имрӯз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммасалаконаш барои пиёда намудани барномаҳои сиёсиву низомӣ дар минтақа сармояи «саҳҳомон» -ро ҳадафмандона ҷуста ва меҷӯянд. Маҳз аз тариқи сармояи «саҳҳомон» расона ва торнамои ТТЭ ҲНИ дар хориҷ фаъол буда, барномаҳои иғвогарона ва муғризона ба интишор медиҳанд ва ҳар гуна иттиҳоми нораворо ба давлати миллӣ мезананд. Дар робита ба метавон қайд кард, ки ин навбат дар оғози моҳи шарифи Рамазони соли 2022 роҳбари ТТЭ ҲНИ, Мухиддин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фазилати Рамазон баромади иғвогаронаро пеша намуда, вобаста ба ҳаммаслаконаш, ки дар маҳбаз қарор доранд, азобу шиканҷаи онҳо сухан намуд, ки гӯё онҳо бегуноҳанд. Вале маълум аст, ки роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ чун анъана бо «обсофкунҳояшон» худро боз «мусичаи бегуноҳ» шуморида, ҳукми додгоҳро ғайриодилона унвон мекунанд. Ин аз он далолат мекунад,ки то ҳол «худсафедкунӣ»-и ТТЭ ҲНИ идома дорад. Яъне боз аз буғзу адоват далолат мекунад. Ин навбат дар оғози моҳи шарифи Рамазон! Хотиррасон менамоем, ки моҳи шарифи Рамазон – моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст.
Дар фарҷоми андешаи хеш такроран оид ба зиндониён хотиррасон менамоем, ки ҳуҷҷату аснод, шавоҳид ва далоили шайъие вобаста ба кирдори хашину тавтеасозии аъзоёни собиқ ҲНИ рӯйи дасти мақомоти тафтишотӣ қарор доранд. Баробари ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки воқеан дар филмҳои ҳуччатӣ бо номи «Бозгашт аз ҷаҳанннам» ва «Хиёнат» бо далелҳои асосноку раднашаванда амалҳои номатлуби роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ исбот шудааст, ки ҳоҷат ба баён нест!

А.ВАЛИЕВ,
асистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *