НИГАРОНИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ!

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму ифротгароӣ аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо – Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан тибқи маълумотҳои васоити ахбори омма, зиёда аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии афғон аз дасти харкати “Толибон” ба асир афтода кушта шудаанд. Баробари ин танҳо дар моҳи октябри соли 2021 ҳамаги панҷ амали террористӣ содир шудваанд. Аз ҷумла, санаи 3 октябри соли 2021 дар масҷиди Идгоҳи Кобул, 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин кишвар рӯзи 15-уми октябри соли 2021 ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст. Инчунин субҳи 20-уми октябри соли 2021 дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод ва 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд. Боробари ин аз таърихи солхои 90-уми асри гузаштаи кишварамон ёдовар шуда, қайд кардан зарур аст. ки созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин ҳизб фазои орому осоиштаи Ватанро бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон карда, ба хоку хун оғушта кард. Имрӯзҳо низ фаъолияти ташкилоти террористӣ, иғвоангез ва хиёнаткор ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гурҳи-24 аз беруни кишвар дар Аврупо қарор дошта, бо ҳар роҳу восита боз мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ хоинону душманони миллат аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Чунончӣ тибқи маълумоти хабарӣ, солҳои охир, яъне солҳои 2020 ва 2021 аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамагӣ 27 нафар ва Гурӯҳи-24 -21 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Ин далелу рақамҳои оморӣ ва умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *