МАРДУМИ БАДАХШОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОР ДОРАНД

Тавассути оинаи нилгун ва расонаҳои хабарӣ  сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомоалӣ  Раҳмон дар вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  намоиш дода шуд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар ҷараёни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Пешвои миллат ба кушодашавии чанде аз корхонаву мактабҳо, корхонаҳои иқтидорашон хурду миёна ширкат варзида, онҳоро ба истифода доданд. Аз ҷумла дастоварди калони  замони соҳибистиқлолӣ, маросими ба истифода супоридани Донишгоҳи Осиёи Миёна низ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат баргузор гардид, ки аз ифтитоҳи ин мактаби бонуфузи олии сатҳи ҷаҳонӣ мардуми кишвар хеле шоду масрур гардиданд.

Мо, мардуми тоҷик, аз азал илму донишро гиромӣ дошта, фарҳангпарвару маорифпарвар мебошем. Аз чеҳраҳои шоду масрур ва суханронии мардуми Бадахшон маълум буд, ки онҳо  то чи андоза аз ташрифи Пешвои миллат хурсанд буданд.

Маҳз нуқтаи асосии навиштани ин мавод низ дар ҳамин ниҳон аст, зеро чанде пеш бо изҳороти роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ ошноӣ  пайдо намуда, барои ифшои изҳорот ба ҳоли эшон бисёр «нигарон» шудам. Бовар кунед, Кабирӣ   ва намояндагони ӯ маълум аст, ки аз бечорагии беш чи кор карданашонро надониста истодаанд. Бинед, ҳатто САҲА замоне розшунавӣ  онҳо буд. Ҳоло нияти дасткашҳӣ аз иштироки онҳо дорад. Имрӯз ин созмон фаҳмид, ки ин ташкилот бо омода намудани террористон машғул аст. Зеро онҳо дар назди ҳамаи иштирокчиёни конфронс идао намуданд, ки онҳо давомдиҳандагони босмачиёни ҷангталабанд ва то метавонанд дар даъвои худ содиқ мемонанд. Маълум аст, ки бо ҳидоятҳои хоҷагон ё бо ҳисси бадбинии ботинатон бошад, эҳтироми мардумонро ба Пешвояшон нахостед, дар умум тақлид намудед. Чӣ  дигар мавзӯи актуалӣ  набуд, магар?

Мардуми бомаданияти тоҷик аз тамоми он заҳаматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат бохабаранд, ки барои некӯаҳолии мардум чӣ тадбирҳоро ба роҳ монданд. Ин аст, ки бо ҳисси эҳтироми воло ва арҷгузорӣ ба меҳнати софдилонаи Сарвари давлат, ба ҳар як нуқтаи сухани эшон кафкӯбӣ  намуда, аз ҷой бархостанд.

Аз марги Санавбар Раҷабова, ки ӯ худ бо амри тақдир маризии сактаи дил дошта, вафот кардааст, даъво пешниҳод карданд, ки сабаби ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса дар он аст, ки роҳ баста буду ӯ реҳлат кардааст. Аммо бо ин дуруғу иттиҳомоти сохта онҳо то куҷо мерасида бошанд.

Мардуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шод аз онанд, ки ташрифи Пешво ба хонадони ҳар кадоми онҳо фараҳу шодӣ  овард. Зеро ба истифода додани мактабҳои боҳашамат ва ифтитоҳи ДОМ тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат, ширкати Оғохон ва махсусан Пешвои миллат аст.

Мехоҳем бо истифода аз фурсат чанд нуқтаи муҳимро таъкид намоем. Бадахшон як қисмати Тоҷикистони соҳибистиқлол, макони афсонавию биҳиштосост. Мардуми сарбаланди ин минтақа дар ободии ватан саҳми муносиб мегузоранд. Аммо иғвою дасисаи баъзе аз афроди ноогоҳ касро ба андеша водор месозад, ки чаро онҳо тартибу низом ва оромии ин минтақаро намехоҳанд. Ҳукумат имрӯз қодир аст алайҳи ҳамаи ашхоси бадандеш, гуруҳҳои ифротгарою нашъаҷаллоб муборизаи беамон бурда, осоиштагию амонии ватанро таъмин намояд. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорону бадхоҳони милла ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар аст ва мо аз иқдомҳои Пешвои миллат дар ин самт ҷонибдорӣ менамоем.

Шокаримов Азим,
мудири шуъбаи хоҷагии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *