Рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи нангин ба амал омад. Гурӯҳи ҷавонони беору номус ва ноогоҳу мутаассиб, ки зери андешаву афкори бегонагону террористон қарор доштанд, ба гурӯҳи 7 нафараи сайёҳони хориҷӣ, ки ба воситаи дучархаҳо дар роҳ ҳаракат доштанд, қасдан ҳамлаи марговар анҷом доданд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо кушта ва ду нафарашон ҷароҳат бардоштанд. Атрофи ин ҷиноят фарзияҳо мухталифанд. Ҳароина фарзияи ба мантиқ наздики ин ҳодиса ҳамоно доғ ва латма овардан ба миллату давлати тоҷик боқӣ мемонад.
Бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин омил боиси хуруҷи шумори бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо гашта, ҳадафи ин иқдом ҷиҳати рушди имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва таҳияи инфрасохтори рушди он ва муаррифии маданияту фарҳанги ғании тоҷикон ба ҷаҳониён мусоидат намуд. Ҳамаи ин дастовардҳои моро хоинону душманони кӯрнамаки миллат дида, бардошт карда натавониста, даст ба ҳамин гуна аъмоли ғайриинсонӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш заданд. Фарзияи он ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз мухолифини давлату миллати мо амсоли ДИИШ, ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи 24” ва ҳаммаслакони онҳо дастур гирифтаву бар ивази маблағу ваъдаҳои ҳангуфт ин ҷиноятро, ки рӯҳияи террористӣ дорад анҷом додаанд, аз эҳтимол дур нест. Ҳатто ин нуктаро дар изҳороти хеш ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили ин ҳодиса баён доштааст.
Албатта, ҳар амалеро подошест ва ҳар ҷиноятеро ҷазост. Дар изҳороти худ ВКД-и мамлакат хабар дод, ки ҷинояти мазкур фош ва чанд тан ҷинояткорон, ки бо кормандони мақомоти қудратӣ муқобилияти мусаллаҳона карданд, безарар гардонида шуданд. Мақсади ниҳоии ин ваҳшисиратони худобехабар, бешубҳа, бадном кардани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон буд. Иттифоқ афтодани куштори барқасдонаи сайёҳони хориҷӣ дар соле, ки онро Тоҷикистон дар қаламраваш “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хондааст, магар тасодуфист? Зери ин амал мақсадҳои нопоки дигаре нуҳуфтаанд, ки бо гузашти вақт, албатта маълум хоҳад гашт. Касоне, ки барои анҷоми ин ҷиноят мусоидат кардаанд, аз ин ҷинояткорон гуноҳи кам надошта, баръакс аз инон бадтару хавфноктаранд. Бояд ҷомеаи ҷаҳонро баъди ин ҳодиса дарки ин даъво бар мағзи андешаашон ҷой гирад, ки ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони эшон воқеан амалҳои террористиро моҳирона аз зери пардаҳои ноаён чӣ гуна моҳирона анҷом медиҳанд, шояд он гоҳ фаҳманд, ки ҷонибдориву пуштибонӣ аз онҳо чи паёмадҳо дорад. Ин ҳодисае, ки дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, наметавон як ҷинояти муқаррарӣ ё хислати одамкушӣ дошта пиндошт, балки дар он моҳияти террор ва балвою ҳангомаангезӣ низ дида мешавад. Қазоват кунед ҳодисаҳои террористии бо мошини боркаш маҷаҳ кардани одамон дар Фаронсаро, ки ҷони даҳҳо нафарро рабуд. Ин ҳам як ҷинояти ба ҳамон ҳодисаи Фаронса монандро мемонад, ки бо мошини сабукрав аввал сайёҳонро пахш намуда, сипас бо олоти буррандаю халанда монанди корду табар ба онҳо ҳуҷум намуда чор нафарашонро ба қатл мерасонанд. Ин ваҳшоният ва амали ғайриинсоние беш нест! На, балки ин амали террористист! Ин террористони бадбахти худобехабар зери таъсири ҳангомапардозиҳои наҳзатиҳо монда, бо ин амали нопокашон ба обрӯи миллат доғ ворид месозанд. Ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин ҳодиса хулосаи даркорӣ бароварда, аз ин ба баъд ҷиҳати пешгириву мубориза ва роҳ надодани вуруди афкори бегона ба андешаи мардум, махсусан ҷавонон доимо мубориза баранд. Одамкуш зуд ё дер худаш кушта хоҳад шуд. Чуноне ки ҳакими бузургвор мефармояд: Оре, кушандаро ба ҳама ҳолҳо кушанд!
Майнусова З. М.- мудири маркази
таълими забонҳои хориҷӣ