Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда ба мардум ҳушдор дода истодаанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард. Ин ташкилотҳои иғвоангез дар хориҷи кишвар Анҷумани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро ташкил намуданд, ки фаъолияташон асосан ба бадгӯи нисбати кишвар равона гардидааст. Онҳо ҳатто сафари ахири Пешвои миллатро ба Бадахшон таҳриф карда, ҳаргуна дасисаву иғвоҳои навбатиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой доданд.
Мо ҳама хуб медонем, ки пас аз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳими пешрафти кишвари азизамон ин масъалаи таъмини сулҳу салоҳ ба ҳисоб мерафт. Маҳз дар замони истиқлолият сарҳади тўлонии Тоҷикистон, ки бо Афғонистони ба мо дӯст беш аз ҳазор километрро ташкил медиҳад, бо ҷавонмардии сарбозони шуҷоъи ватан дифоъ карда мешавад. Пешвои миллат ба Бадахшон ва мардуми сарбаланди он таваҷҷуҳи хоса доранд ва беҳуда ин минтақаи афсонавии ватанамонро дарвозаи тиллоии мамлакат унвон накардаанд.
Як нуктаро таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат дар баромадашон ба дастовардҳои беназири мардуми Бадахшон дар чанд соли охир ишорат карданд. Мо худ шоҳиди он будем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чандин корхонаҳои муҳим иштирок карда, онро расман ба кор дароварданд, ки ин ҳам як пешравӣ дар соҳа мебошад.
Нотавонбинон ва душманони миллат, ки ба пешравии мардуми тоҷик бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанд, бо ҳар гуна роҳу васила кӯшиш карда истодаанд, ки чунин пешравиҳоро нодида бигиранд. Масалан, вазъи саломатии мардум ва ҳифзи солимии ҷомеаи яке аз масъалаҳое мебошад, ки он дар сархати сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллатамон қарор дорад. Чун Вилояти Бадахшон дар саргаҳи муборизаҳои Пешвои миллат оид ба қочоқи маводи мухаддир қарор дорад, Роҳбари давлат ба паёмадҳои манфии ин вабои аср ишорат карда, мардумро ба муборизаи сартосарӣ даъват намуданд.
Аммо ин иқдомҳои наҷиби Президенти кишварро баъзе аз гуруҳҳои нотавонбин нодида мегиранд ва санги маломат ба сӯи Ҳукумати кишвар меандозанд, ки истифодаи артишро дар муқобили гуруҳҳои ифротгаро ва нашъаҷаллобу вайронкунандагони қонун иҷозат додаанд. Мо сокинони кишвар тарафдори сулҳу субот ва оромии кишварем ва бояд риояи қонун дар ҷойи аввал қарор дошта бошад, мубориза бо нашъаҷаллобону шахсиятҳое, ки ба амнияти давлату миллат халал ворид мекунанд, вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар аст.