ИЛМ ВА АМАЛ

Инсон ҳамчун як мавҷудоти бузурги олам, ки арзи ҳастӣ дорад, мисли офтобест, лаҳзае ҷилои нуру меҳр медиҳаду лаҳзае ғуруб мекунад. Чун оташест, ки даме бо сӯхтану сохтанҳояш ҷаҳонро фурӯғ мебахшад, бо қувваю мафкураи бузургаш сангро ёқут, лаълро ба гавҳар мубаддал мегардонад.

Имрӯз боиси сарбаландиву сарфарозии на танҳо устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ балки кишвари азизу маҳбубамон аст, ки монографияи дигари шахсияти шинохта, олими тавоно, д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисоди донишкадаамон Азизов Фаттоҳ Ҳалимович дар нашриёти «Экономическое образование» шаҳри Маскав, ки ин нашрия мақоми нашрияи ВАК-и низ дорад, бо номи «Коныепыия поддержки управленческих решений» (2020), бо ҳамқаламии д.и.и., профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи технологияи иттилоотӣ, иқтисод ва менеҷменти Федератсияи Русия Мальцев В.Н. ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Файзибоев М.М. аз чоп баромад.

Монографияи мазкур аз 304 саҳифа иборат буда, самтҳои муқарраршудаи соҳаи компутеркунонии равандҳои омодасозӣ ва қабули қарор дар соҳаи истеҳсолот ва идоракуниро таҳқиқ мекунад. Натиҷаи амалии таҳқиқот дар ин самт системаи дастгирии қарорҳои компутерӣ дар сатҳҳо ва миқёсҳои гуногун мебошад.

Китоб барои мутахассисони соҳаи системаҳои гуногуни иттилоотии автоматиконидашуда ва компутерӣ, менеҷерон, мутахассисони пешбари корхонаҳо, иттиҳодияҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои хусусӣ, инчунин барои донишҷӯёне, ки самти омӯзишашон ба «Иқтисодиёт», «Менеҷмент», «Менеҷменти навоварӣ» ва «Информатикаи амалӣ» равона карда шудааст, муфид мебошад.

Мавриди зикр аст, ки порсол дар нашриёти зикркардида китоби Азизов Ф.Ҳ. бо ном «Устойчивое развитие аграрного сектора экономики» (2018), ки аз 212 саҳифа иборат буд, бо ҳамқаламии д.и.и., профессори кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Х.У. аз чоп баромад буд.

Лозим ба ёдоварист, пас аз нашри китоби «Аграрный сектор экономики: пути перехода к устойчивому развитию», кадоме аз 200 саҳифа иборат буда, дар нашриёти LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING-и давлати Олмон (2019) профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷамаҳмад Умаров дар қатори олимони машҳур ва 200 ҳазор нафар беҳтарин муаллифоне, ки китобҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ нашр намудаанд, дохил гардиданд.

Хурсандии муаллифон ва ҷомеаи донишкада дар он аст, ки аз тарафи худи нашриёти зикргардида, дар ҷаласаи байналмилалии ҳамкории олимоне, ки аз якчанд давлатҳо аъзо мебошанд, пешниҳод карданд, ки китоби мазкур ба 8 забонҳои дунё (англиси, фаронсави, олмонӣ, итолиёвӣ, испанӣ, ҳолландӣ, лаҳистонӣ ва португалӣ) тарҷума карда шуда, ба нашр бароварда шавад.

Хурсандиовар боз дар он аст, ки бо ҳамқаламии аъзоёни кафедраи назарияи иқтисоди донишкада: д.и.и., профессорон Абдуғаффоров А.А., Азизов Ф.Ҳ., Азимов А.Ҷ., Ризоқулов Т.Р. ва н.и.и., дотсентон Маҷидов А.М., Аҳмедова Д.А. дар нашрияи “Ирфон” (2019) китоби “Макроиқтисод”-ро, ки аз 228 саҳифа иборат буда, муҳаррири он Абдулмаҷиди Бобоҷониён, узви ИҶТ ва муқарриз д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Исмоилова М.М. мебошанд, аз чоп баромад.

Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия карда шудааст.

Ҳаҷми маҳдуди китоб имкон надод, ки ба таври пурра ҳамаи масъалаҳои курси макроиқтисод, ки ба барномаҳои дарсӣ ворид карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд, вале дар ҷараёни таҳияи консепсия ва баёни мавод муаллифон кӯшиш намуданд, принсипҳои маҷмӯиятро таъмин намоянд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ба муқаррароти асосии курси макроиқтисод бештар таваҷҷуҳ намоянд. Мавод дар даҳ мавзуъ пешниҳод карда шуда, ҳар як мавзуъ сохтори худро дорад, ки он ба вазифаю муаммоҳои асос мувофиқ мебошад ва дар қисматҳои мутобиқ бо масъалаҳо ва тестҳо таҳлил карда шудааст.

Китоб дар асоси меъёрҳои давлатии муассисаҳои олии таълимӣ тартиб дода шуда, бо истифодаи адабиёти дарсие, ки вобаста ба макроиқтисод, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия нашр гардидааст, навишта шудааст.

Китоби мазкур, қабл аз ҳама, ба омӯзгорон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯёни макотибҳои олӣ, инчунин барои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки хоҳиши донистани ҷанбаҳои гуногуни илми иқтисодро доранд, тавсия карда мешавад.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *