ТАҲДИДИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ!

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. Бояд ёдовар шуд, ки воғеан терроризм бо рангу ҷилоҳҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои араб Ливия равшан аён шуд. Ғурбониҳои инғилоби ливиягӣ, ки дар натиҷаи мудохилаи ғувваҳои беруна амалӣ гардида буду бадтар ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд. Оғибат ба ин давлат зарари иғтисодии калон расонида шуд. Дар натиҷаи ҷанг давлатдории ин мамлакат аз байн бурда шуду ба ҳамсоядавлатҳои он ҳам зарар расид. Гурӯҳи калони гурезагон ба давлатҳои Аврупо ворид шуданд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Масалан ба сари ғудрат омадани ҳаракати “Толибон, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Созмони Миллали Муттаҳид ғарор дорад, вазъро дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 бо забти Ғобул ва умуман Афғонистон боз ҳам мураккаб намуда, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар асоси расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миғдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Тибғи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли 2021 дар ғаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба ғайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Боиси таассуф аст, ки манфиатҷӯёни хориҷӣ барои пош додани дини мубини Ислом ҳар гуна тӯдаю ҳаракат, ҳизбҳои сиёсиро созмон медиҳанду маблағгузорӣ менамоянд. Хулоса, ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида гуфтанием, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намуда, ба доми фиреби дасисабозону бегонагон дармонда нашавем. Хусусан ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омӯзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол аҳсант хонанд.

ТОШМАТОВА М.А.,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *