МАҚСАДҲОИ НОПОКИ САЛАФИЯ АЁН АСТ

Пайравони салафия дар масҷиду маҳфилҳо ва дар байни ҷавонони гумроҳу сатҳи донишашон паст ба корҳои таблиғию ташвиқотӣ амал намуда, мазҳаби моро таҳқиру пайравони онро бидъаткор мехонанд. Салафияро нисбати мазҳаби мо дар байни мардум афзалиятдор тарғиб намуда, баъзе аз ҷавонони зудбовару гумроҳи аз мазҳаби худ бехабарро ба доми худ кашида, аз онҳо бо мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин қабил ҷавонон кӯр- кӯрона ба гуфтори салафиҳо бовар карда, ба онҳо тақлид мекунад. Дар натиҷа, чунин гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки тарзи либоспӯшӣ, гуфтор, риши дарозашон аз мусалмонони ҳанифамазҳаб ба куллӣ фарқ мекунад. Инчунин онҳо бо ҳар гуна роҳ, масалан ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар китобҳои салафӣ таҳти унвони “Дар партави мазҳаби ҳанафӣ” ворид намуда, мехостанд ба ин васила мардуми моро гумроҳ намуда, ақидаҳои ѓаразнокашонро ҷорӣ намоянд. Умуман салафӣ расму оин, урфу одати миллиро эҳтиром надорад, чунки дар салафия мафҳуми ватан, миллат урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Чунин амалу ниқобпӯшӣ хоси равияи салафӣ буда, онҳо солҳо инҷониб мехоҳанд ба ҳар роҳу восита дар ватани мо нуфуз пайдо кунанд. Мақсаду мароми онҳо як аст, ҳарчӣ бештар намудани пайравон, ташкили гурӯҳҳои ҷангӣ, ба фирқаҳо ҷудо намудани мардум, паҳн кардани ихтилофоти мазҳабӣ ва ба ин восита ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ба вартаи ҳалокат овардани миллат, мисли давлатҳои араб ба хоку хун оғӯшта намудани ватани мо мебошад.
Аз ин лиҳоз, бинобар хатар ба амнияти кишварамон таҳдид карданаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти равияи “Салафия” дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст ва алҳол салафиён ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта, бо дастгирии ҳоҷагони хориҷиашон амали худро идома додани ҳастанд. Бинобар ин, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди бо ору номус муттаҳид шуда, бар зидди салафиҳо мубориза бояд бурд.

Ғайбуллоев Камол, сармуаллими
кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *