Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи саодати миллат

Яке аз муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдати миллӣ аст, маҳз тавассути он мо кишвари азизи худро аз паҳну парешоншавӣ ҳифз карда, имрӯз бо қадамҳои устувор раҳ ба сӯи фардои дилхоҳу дурахшон пеш мегирем.
Сулҳу Ваҳдат ин ду мафҳум ба якдигар алоқаманд мебошанд. Яке набошад дигаре намешавад.Чунонки реша набошад дарахт гулу мева намекунад.Агар Сулҳро дарахти пургулу мева гӯем, реша Ваҳдат аст. Вақте ки муҳаббат ҳаст ,он ба ишқ, ки омили ҳастист, табдил меёбад.
Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида ,дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба як силсила дастовардҳо ноил гардид. Яъне ваҳдати миллӣ неъмати бузург в муқалдасе мебошад, ки ба пешрафти кишвару рӯзгори мардум мусоидат мекунад. Баъди пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳар як ҷумҳурии узви он бе ҳеҷ мамониат ба давлати мустақил табдил ёфт, аммо Тоҷикистон дар ин роҳ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Бо дасисаи бархе аз ҷоҳталабону мансабхоҳони дохилӣ ва хоҷагони хориҷиашон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистон рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон «Ман ба Шумо сулҳ меоврам. Мо ҳама ёру бародар бошем» буд.
Пайроҳаи ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи ХХ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз замоне ибтидо мегирад,ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин иҷлосия бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам,ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда,барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».
Дар замоне,ки фазои ҷаҳонро нооромию мазҳабхоҳӣ,ғаразу кина,оташи ҷангу даргириҳои зиёд фаро гирифтааст,мо вазифадорме,насли ҷавону ояндасозро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва ҳомии босадоқати ин марзу бум ва пойдории Ваҳдати миллӣ тарбия намуда,ҳама гуна арзишҳои моддию маънавиро ба хотири шукуфонии Тоҷикистони азиз,татбиқи сиёсати Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири худ ҷой намуда ,дар мақоми худ барои шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон дучанд саҳмгузор бошем ва Ваҳдати миллии худро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорему ин сарзаминро чун диёри ободу зархез ва макони мардуми бонангу ор, ватандор,соҳибфарҳангу сиёсат ва рӯзибахши аҳли ҷомеа барои ояндагон мерос гузорем.

Гулнора Раҳимӣ, донишҷӯ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *